Иҷлоси панҷҷонибаи роҳи оҳани кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Теҳрон
Иҷлоси панҷҷонибаи роҳи оҳанҳои Эрон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Туркия ва Туркманистон бо ҳадафи тавсеаи ҳамкориҳои рейлии байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупо дар Теҳрон оғоз ба кор кард.
Ҳусайни Ошурӣ, муовини сайру ҳаракати роҳи оҳани ҷумҳурии исломии Эрон дар ҳошияи баргузории иҷлоси панҷҷонибаи Теҳрон дар гуфтугӯ бо Ирно гуфт: Тавсеаи ҳамлу нақли байналмилалӣ дар минтақа ва эҷоди ҳамоҳангиҳои лозим барои убури вагонҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ аз Эрон ба Туркия ва Аврупо аз муҳимтарин меҳварҳои баргузории иҷлоси Теҳрон аст .
Ошурӣ афзуд: Туркия ва кишварҳои аврупоӣ муқаррароти ҳамлу нақли рейлии хоси худ доранд ва кишварҳои Осиёи Марказӣ низ аз муқаррароти дигаре истифода мекунанд ва аз онҷо, ки Эрон аз ҳардуи ин муқаррарот истифода мекунад, метавонад ба унвони пули иртиботии байни кишварҳои Осиёи Миёна ва Туркия ва Аврупо нақши муҳиме ифо кунад .
Ба гуфтаи муовини сайру ҳаракати роҳи оҳани ҷумҳурии исломии Эрон, нахустин музокирот дар иҷлоси Теҳрон барои таҳияи пешнависи тафоҳумномаи ҳамкориҳои ҳамлу нақли рейлии байни панҷ кишвари Эрон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Туркия ва Туркманистон имрӯзи душанбе ғор шудааст, то дар оянда транзити рейлӣ ва ҳамлу нақли бор дар минтақа афзоиш ёбад .