Январ 28, 2021 10:32 Asia/Dushanbe

Собиқадори футболи Эрон Меҳрдоди Минованд Бар асари мубтало шудан ба Ковиди 19 дар синни 46 солагӣ даргузашт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, бозигари солҳои ахири тими миллии футбол ва тими  Персеполиси Эрон Меҳрдоди Минованд, ки чанд рӯзи ахир бар асари бемории Ковид 19 дар бемористони Теҳрон бистарӣ буд, шоми чоршанбе даргузашт.

Федератсияи Байналмилалии Футбол (FIFA), Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) ва бисёр шахсиятҳои варзишии ҷаҳон низ дар паёмҳои ҷудогона даргузашти Миновандро тасаллият гуфтанд.

Меҳрдоди Минованд мутаваллиди 30 ноябри соли 1975 буд, ки собиқаи бозӣ дар тимҳои Персеполиси Эрон, Штурм Граз, Австрия, Ал-Шабоб Аморот ва Сипоҳони Эронро дар корномаи худ дошт.

 

Бештар бихонед:

Барчасп