Январ 31, 2021 20:32 Asia/Dushanbe
  • Теъдоди фавтиҳои рӯзона аз корона дар Эрон ҳамчунон дурақамӣ аст
    Теъдоди фавтиҳои рӯзона аз корона дар Эрон ҳамчунон дурақамӣ аст

Корона ҷони 70 нафари дигарро дар Эрон гирифт

Ба гузориши радиои тоҷики Садои Хуросон, сухангӯи вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкӣ гуфт: Токунун як миллиону 417 ҳазору 999 нафар дар кишвар ба таври қатъӣ ба вируси корона мубтало шуда ва бо фавти 70 нафар аз беморони мубтало ба корона дар 24 соати гузашта, теъдоди ҷонбохтагони корона дар кишвар ба 57 ҳазору 959 нафар расидааст.

Симо Содот Лорӣ дар бораи охирин омори мубталоёни қатъӣ ба вируси корона ва мавориди фавтии ношӣ аз ибтило ба вирус дар кишвар баён кард: аз дируз то имрӯз 12 баҳмани 1399 ва бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, 6 ҳазору 268 бемори ҷадиди мубтало ба Ковиди 19 дар кишвар шиносоӣ шуд, ки 469 нафар аз онҳо бистарӣ шуданд. Бо ин ҳисоб, маҷмӯи беморони Ковиди 19 дар кишвар ба як миллиону 417 ҳазору 999 нафар расид.

Вай идома дод: Муттаассифона дар тӯли 24 соати гузашта  70 бемори Ковиди 19 ҷони худро аз даст доданду маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ ба 57 ҳазору 959 нафари расид.

Лорӣ гуфт: Хушбахтона то кунун як миллиону 210 ҳазору 51 нафар аз беморон, беҳбуд ёфта ва ё аз бемористонҳо тархис шудаанд. Ҳамчунин 3932 нафар аз беморони мубтало ба Ковиди 19 дар дар бахшҳои муроқибатҳои вижаи бемористонҳо таҳти муроқибат қарор доранд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп