Эрон шарики аввали тиҷории Афғонистон
Феврал 01, 2021 18:35 Asia/Dushanbe
Ҷумҳурии исломии Эрон шарики аввали тиҷории Афғонистон аст.
Ба гузориши хабарнигори Садо ва симои Эрон дар Кобул, бар асоси гузоришҳои расмӣ ҳаҷми муомилоти тиҷории Эрон ва Афғонистон солона ба беш аз се миллиард доллар расида, ки бештари ин рақам содироти Эрон ба Афғонистон аст.
Хонҷон Алкозай, муовини утоқҳои тиҷорат ва саноати Афғонистон дар ин замина гуфт: “Метавонам бо ифтихор бигӯям, ки Ҷумҳурии исломии Эрон шарики аввали тиҷории Афғонистон аст”.
Тоҷирони Афғонистон низ мегӯянд, ба далели осониҳои мавҷуд дар равобити тиҷории Эрон ва Афғонистон, равобити тиҷории ду кишвар ҳамчунон рӯ ба густариш аст.
Барчасп