Эъломи омодагии Кувайт барои миёнҷигарӣ миёни Эрону Арабистон
(last modified Tue, 02 Feb 2021 08:56:15 GMT )
Феврал 02, 2021 13:56 Asia/Dushanbe
  • Манобе дипломатӣ муътақиданд, тавофуқ миёни Теҳрону Риёз паёмадҳои мусбате дар минтақа хоҳад дошт
    Манобе дипломатӣ муътақиданд, тавофуқ миёни Теҳрону Риёз паёмадҳои мусбате дар минтақа хоҳад дошт

Манобеи дипломатӣ дар вазорати хориҷаи Кувайт эълом карданд, ин кишвар омодаи миёнҷигарии машрӯт миёни Эрону Арабистон аст.

Ба гузориши хубургузории Анатоли, манобеи дипломатии огоҳ дар вазорати хориҷаи Кувайт гуфтаанд, ин кишвар дар сӯрати фароҳам шудани шароити муносиб омодааст, миёнҷигарии худ миёни Арабистони Саудӣ ва Эронро идомаи диҳад.

Ин манобе, ки хостанд номашон фош нашавад афзуданд, Кувайт ҳамвора талош кардааст, ки дидгоҳҳои ба якдигар наздик ва ихтилофот аз роҳи дипломатӣ ҳалу фасл шавад.

Манобеи дипломатии кувайтӣ гуфтанд, сухан гуфтан дар бораи аз сар гирифта шудани миёнҷигарӣ миёни ду кишвар, сирфан таҳлиле аст ва бар асоси иттилооти дақиқ нест, зеро ихтилофҳо миёни Арабистон ва Эрон танҳо ба Яман маҳдӯд нест, балки шомили Ироқ, Сурия ва Лубнон низ мешавад, зеро ҳамаи ин мавзӯот бо якдигар дар иртибот ҳастанд.

Онҳо муътақиданд, ки тавофуқ миёни Теҳрону Риёз паёмадҳои мусбате дар минтақа хоҳад дошт, ин мавзӯе аст, ки Кувайт ҳамвора ба дунболи он буда ва умедвор аст ба он даст пайдо кунад.

Ин дар ҳоле аст, ки пештар Шайх Муҳаммад бин Абдурраҳмон Ол Сонӣ, вазири умури хориҷаи Қатар музокира ва гуфтугӯ миёни кишварҳои арабӣ ва Эронро хостор шуда буд.

 

БЕШТАР БИХОНЕД: