Феврал 02, 2021 17:38 Asia/Dushanbe
  • Сухангӯи давлати Эрон Алӣ Рабиъӣ ба интиқодҳо дар бораи ҳузури ҳайати Толибон дар Теҳрон посух дод
    Сухангӯи давлати Эрон Алӣ Рабиъӣ ба интиқодҳо дар бораи ҳузури ҳайати Толибон дар Теҳрон посух дод

Сухангӯи давлати Эрон гуфт, ки сафари ҳайати Толибон ба Теҳрон бо ҳамоҳангии давлати Кобул ва дар чорчуби ройзанӣ бо ҳамаи гурӯҳҳо дар Афғонистон барои сулҳ сурат гирифтааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, сухангӯи давлати Эрон Алии Рабиъӣ рӯзи сешанбе дар нишасти хабарӣ дар бораи ҳузури ҳайати Толибон дар Теҳрон гуфт: "Ба далели бархурдорӣ аз марзҳои тулонӣ ва пайвандҳои торихӣ, масоили Афғонистон ба таври мустақим бар амнияти Эрон низ муассир аст. ба ҳамин далел Теҳрон наметавонад нисбат ба ноамнӣ ва бесуботии Афғонистон беэътино бошад."

 

Рабиъӣ афзуд: Ҳадаф аз ин дидор, итминон ёфтан аз ҳимояти ҳамаи гурӯҳҳои сиёсӣ, аз ҷумла Толибон аз давлати марказии Кобул ва тақвияти раванди сулҳ ва таҳкими субот дар Афғонистон аст.

Сухангӯи давлати Эрон таъкид кард, ки чолишҳои амниятӣ дар Афғонистон роҳи ҳалли низомӣ надорад ва сулҳ дар ин кишвар бояд бидуни дахолати қудратҳои фароминтақавӣ ва дар чорчӯби хост ва идораи мардуми Афғонистон анҷом бигирад.

Ҳузури ҳайати Толибон дар Эрон дар рӯзҳои ахир вокуниши бархе шаҳрвандони эрониро дар пай дошт, ки мӯътақиданд Толибон гурӯҳи террористӣ аст ва набояд бо онон гуфтугӯ кард. 

 

Бештар бихонед: