Феврал 03, 2021 17:32 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари инқилоби исломӣ ба муносибати солрӯзи ҳазрати Заҳро (с) ба муқоисаи тафовути нигоҳи Ислом ва Ғарб ба занон пардохтанд
    Раҳбари инқилоби исломӣ ба муносибати солрӯзи ҳазрати Заҳро (с) ба муқоисаи тафовути нигоҳи Ислом ва Ғарб ба занон пардохтанд

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ гуфтанд: Нигоҳи Ислом ва ҷумҳурии исломӣ ба зан, нигоҳи такриму эҳтиром аст, дар ҳоле ки нигоҳи роиҷи Ғарб нигоҳи колоӣ ва абзорӣ аст.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ субҳи рӯзи чаҳоршанбе дар нишасти тасвирӣ бо ҷамъе аз маддоҳони аҳли байти паёмбари Ислом (с), ба муносибати солрӯзи мелоди ҳазрати Фотимаи Заҳро саломуллоҳи алайҳо ва бузургдошти мақоми зан ва модар дар Эрон афзуданд: “Мо ба нигоҳи Ислом ифтихор мекунем ва дар муқобили нигоҳи Ғарб ба зан ва сабки зиндагӣ саропо эътироз ҳастем”.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба таблиғоти ғарбиҳо дар бораи ин ки Ислом ва ҳиҷоби исломӣ монеи рушди зан мешавад, гуфтанд: «Ин як дурӯғи ошкор аст ва далели равшани дурӯғ будани он, вазъияти занон дар ҷумҳурии исломӣ аст».

Эшон афзуданд: «Дар Эрон дар ҳеч давраи таърихӣ то ба ин ҳад зани таҳсилкардаву фаъол дар арсаҳои мухталифи иҷтимоӣ, фарҳангиву ҳунарӣ, илмӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ ҳузур надоштаву ҳамаи инҳо аз баракати ҷумҳурии исломӣ аст».

Раҳбари муаззами инқилоб нигоҳи Ислом ба занро заминасози барҷаста шудани нақши меҳварии хонаводаву модар баршумурданду гуфтанд: «Қавитарин пояҳои тарбияти фикриву рӯҳӣ ва ҳақиқитарин фазои самимият дар конуни хонавода шакл ме‌гирад».

Раҳбари инқилоби исломӣ ҳамчунин гуфтанд: «Дастгоҳҳои таблиғотии Ғарб ва муттаассифона, бархе ғарбзадаҳои дохилӣ талош доранд то нақши меҳварии модар дар хонавода камранг ва ё ҳазф шавад”.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, ҳазрати Заҳро (с) ва ҳазрати Алӣ (а) ва фарзандони гиромии ононро намунаи олии як хонаводаи исломӣ донистанд, ки сармашқ гирифтан аз ҳамроҳӣ, ҳамдилӣ, ихлосу муҷоҳидати он бузургворон метавонад ҷомеаи исломиро ба авҷ бирасонад.

Дар тақвими Эрон солрӯзи валодати ҳазрати Фотимаи Заҳро (с) рӯзи гиромидошти мақоми зан ва модар аст.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп