Феврал 03, 2021 21:33 Asia/Dushanbe
  • Алӣ Ансориён 6 бор бо пероҳани тими миллии Эрон дар майдонҳои ҷаҳонии футбол бозӣ карда буд
    Алӣ Ансориён 6 бор бо пероҳани тими миллии Эрон дар майдонҳои ҷаҳонии футбол бозӣ карда буд

Алӣ Ансориён, пешкисвати футболи Эрон бар асари ибтило ба корона дар бемористоне дар Теҳрон чашм аз ҷаҳон фурӯ баст.

Ба гузориши ИРНА, Алӣ Ансориён, пешкисвати футболи Эрон, ки аз ҳудуди ду ҳафта пеш ба далели ибтило ба корона дар бемористоне дар Теҳрон бистарӣ буд, имрӯз (чаҳоршанбе) дар 43 солагӣ даргузашт.

Зиндаёд Ансориён собиқаи бозӣ дар бисёре аз тимҳои футболи Эрон ҳамчун “Персполис”, “Истиқлол”, “Шаҳрдории Табрез”, “Сайпа”, “Истиқлол”-и Аҳвоз”, “Шоҳин”-и Бушеҳр, “Стил ва Озин” ва “Густариши Фулод” -ро дар корнома дошт.

Вай, ки 6 бозии миллӣ ҳам дар корнома дорад, дар синни 34 солагӣ аз дунёи ҳирфаии футбол худоҳофизӣ кард.

Алӣ Ансориён ҳамчунин дар арсаи бозигарӣ низ таҷрибаҳое дошт ва дар чандин филму сериалҳои телевизионӣ ва синамоӣ ифои нақш карда буд.

Меҳрдод Минованд, бозигари пешини тими миллии футболи Эрон ва”Персполис” низ ҳафтаи гузашта ба далели ибтило ба корона даргузашт.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп