Раҳбари инқилоб: Агар тамоми таҳримҳоро дар амал бардоранд ба тааҳудоти Барҷомӣ бармегардем
Раҳбари Муаззами Инқилоби Исломӣ таъкид карданд: Агар мехоҳанд Эрон ба тааҳудоти Барҷомӣ баргардад, Амрико бояд ҳамаи таҳримҳоро дар амал бекор кунад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон Ҳазрат Оятуллоҳи Хоманаӣ субҳи имрӯз ( якшанбе ) дар дидори ҷамъӣ аз фармондеҳони нерӯи ҳавоӣ ва падофанди ҳавоии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон афзуданд: Эрони ҳангоме ба тааҳҳудоти барҷомии худ боз хоҳад гашт, ки Амрико ҳамаи таҳримҳоро дар амал ва на дар ҳарф ё бар рӯи коғаз, лағв кунад ва ин лағви таҳримҳо мавриди ростиозмоии Эрон қарор гирад. Ин сиёсат қатъӣ ва ғайри қобили баргашти ҷумҳурии исломӣ ва мавриди иттифоқи ҳамаи масъулон аст ва ҳеч кас аз он дур нахоҳад шуд.
Эшон қазоёи фазоҳатбори ахири Амрико ва суқути Трампро коҳиши обрӯ, қудрат ва тартиботи иҷтимоӣ ва сиёсии Амрико номиданд ва қайд карданд, ки мақомоти Аврупо ва Амрико дар бораи Шӯрои Амнияти СММ ва таҳримҳо изҳори назар карданд: “Амрикоиҳо ва аврупоиҳо ҳаққи ҳеч гуна шартгузорӣ надоранд, зеро тааҳудоти барҷомии худро нақз карданд ва он тарафе, ки бояд шарт гузорад, Ҷумҳурии Исломист, зеро ӯҳдадориҳои худро риоя кардааст.
Раҳбари Муаззами Инқилоби Исломӣ бо ишора ба хатоҳои муҳосиботии амрикоиҳо дар бориа масоили Эрон дар даврони қиёми инқилобии мардуми Эрон ва пас аз он дар даврони пас аз инқилоб, умедворӣ ба ҳифзи режими тоғути паҳлавӣ, ҳимоят аз фитнаи соли 88 ва таҳримҳои бесобиқа бо ҳадаф аз пой даровардани Эронро аз намунаҳои ин хатоҳои муҳосиботии амрикоиҳо донистанд.
Ҳазрат Оятуллоҳ Хоманаӣ изофа карданд: яке аз ҳамон аҳмақҳои дараҷаи як, ду сол пеш гуфта буд, ки иди январи 2019-ро дар Теҳрон ҷашн мегирем.Ҳоло он шахс худаш ба зуболаи дони торихи рафта ва раиси ӯ ҳам бо лагад ва бо ифтизоҳ аз Кохи Сафед ихроҷ шудааст, аммо Ҷумҳурии Исломии Эрон ба лутфи худованд сарбаланд истодааст.
Фармондеҳи муъаззами кулли қувои лозима тавлиди қудрат дар нерӯҳои мусаллаҳро илова бар тақвияти таҷҳизот, ҳифз ва иртиқоии руҳии имон ва қудрати маънавии нерӯҳо донистанду гуфтанд: Хатои бузурги бархе кишварҳои минтақа ин аст, ки амнияти миллии худро аз бегонагон талаб мекунанду бо вуҷуди миллиардҳо доллар ҳазина ва таҳқир шудану тавҳин шунидан, дар ниҳоят амнияти онҳо таъмин намешавад ҳамонгуна, ки дар қазоёи чанд сол қабл Миср ва Тунис ва ё дар сарнавишти Муҳаммадризои Паҳлавӣ дидем.
Ҳазрат Оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамчунин бо таъкид бар зарурати наҳаросидан аз душман ва умед набастан ба он дар умури сиёсӣ ва иқтисодӣ фармуданд: Лозимаи истимрори ҳаракати пуршитоби инқилоб, ҳузури мардум дар саҳна, кору талоши бе вақфа, иттиҳоди калима бахусус миёни ммусулмонон, эътимод ба ваъдаи илоҳӣ ва афзоиши муаллифаҳои қудрати миллӣ дар амал аст.
19 баҳман солрӯзи байъати торихии афсарони Нерӯи ҳавоии артиши режими паҳлавӣ бо Имом Хумайнӣ ( раҳ ) аст. Дар чунин рӯзӣ дар ҳаштуми феврали соли 1979 Нерӯи ҳавоии артиши Эрон ба режими паҳлавӣ пушт кард ва ба амвоҷи инқилобии мардум пайваст, ки ин мавзӯ дар шикасти комили он режим ва пирӯзии қатъии инқилоби исломӣ нақши босазое дошт.
Бештар бихонед: