Имом Хоманаӣ: Тамаддуни исломӣ нуқтаи муқобили тамаддуни каҷниҳоди моддии кунунӣ аст
Порс Тудей - Раҳбари инқилоби исломӣ дар паёме ба ҳамоиши «100-умин солгарди бозтаъсиси ҳавзаи илмияи Қуми Эрон» таъкид карданд: Муҳимтарин вазифаи ҳавза, балоғи мубин ва заминасозе барои тамаддуни навини исломӣ аст.
Имом Хоманаӣ, Раҳбари инқилоби исломӣ рӯзи чаҳоршанбе дар паёме ба ҳамоиши «яксадумин солгашти бозтаъсиси ҳавзаи илмияи Қуми Эрон», ба баёни таърихчаи шаклгирии ҳавзаи илмияи Қум дар миёнаи ҳаводиси бузург ва саҳмгини талиъаи қарни чаҳордаҳуми ҳиҷрии шамсӣ ва нақши оятуллоҳ Ҳоҷ Шайх Абдукарими Ҳоирӣ дар бунёнгузорӣ ва мондагорӣ ва рушди ҳавза пардохтанд.
Ба гузориши Порс Тудей, эшон афзуданд: Яке аз ифтихороти ҳавзаи илмияи Қум ин аст, ки аз он хуршеде чун ҳазрати имом Хумайнӣ (раҳ.), сар баровард ва ин ҳавза дар камтар аз шаш даҳа, қудрати маънавӣ ва ваҷҳаи мардумии худро ба онҷо расонд, ки тавонист режими хоину фосиду фосиқи подшоҳиро ба дасти мардум решакан кунад ва пас аз қарнҳо, исломро дар ҷойгоҳи ҳокимияти сиёсии кишвар бинишонад.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо таъкид бар инки ҳавзаи илмия фақат як муассисаи тадрису дарсхонӣ нест, балки маҷмӯъае аз илму тарбият ва коркардҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ аст ба табйини сарфаслҳое пардохтанд, ки метавонад ҳавзаро ба маънии воқеӣ «пешрав ва саромад» кунад.
Раҳбари инқилоб яке аз вазоифи муҳими ҳавзаи илмияро ба унвони як маркази илмии арзишманду дорои пуштивонаи илмии ҳазорсола, посухгуӣ ба масоили марбут ба ҳукмронии исломӣ ва наҳваи идораи ҷомеъа донистанд ва афзуданд: Масоиле ҳамчун равобити давлат бо мардум ва бо давлатҳо ва миллатҳои дигар, мавзӯи нафии сабил, низоми иқтисодӣ ва пояҳои усӯлии низоми исломӣ, маншаи ҳокимият аз назари ислом, нақши мардум дар он ва мавзеъгирӣ дар қазоёи муҳим ва дар муқобили низоми султа, мафҳум ва муҳтавои адолат ва даҳҳо мавзӯи асосӣ ва баъзан ҳаётии дигар, аз ҷумла масоиле ҳастанд, ки бояд барои онҳо посухи фиқҳӣ вуҷӯд дошта бошад.
Эшон, ошноии ҳавза бо ёфтаҳои рӯзи ҷаҳон ва ҳамчунин ҳамкорӣ бо донишгоҳро аз заруриёти тарроҳӣ ва танзими низомоти иҷтимоӣ баршумурданд.
Имом Хоманаӣ, панҷумин сарфасли «ҳавзаи пешрав ва саромад»-ро навовариҳои тамаддунӣ дар чорчӯби паёми ҷаҳонии ислом донистанд ва таъкид карданд: Барҷастатарин интизор аз ҳавзаи илмия, заминасозӣ барои «истиқрори тамаддуни исломӣ» аст, тамаддуне, ки дар он, илму фанноварӣ ва манобеи инсонӣ ва манобеи табиӣ ва ҳамаи тавоноиҳо ва ҳамаи пешрафтҳои башарӣ ва ҳукӯмат ва сиёсату неруии низомӣ ва ҳар ончӣ дар ихтиёри башар аст, дар хизмати адолати иҷтимоӣ ва рифоҳи умумӣ ва костан аз фавосили табақотӣ ва афзудан бар парвариши маънавӣ ва иртиқои илмӣ ва шинохти рӯзафзӯни табиат ва истеҳкоми имон ба кор меравад.
Раҳбари инқилоб, тамаддуни исломиро нуқтае муқобили тамаддуни каҷниҳоди моддии кунунӣ хонданд ва таъкид карданд: Ин тамаддуни ботил бар асоси суннати ҳатмии офариниш рафтанист ва вазифаи мо кумак ба ибтоли ин ботил ва тадоруки тамаддуни ҷойгузин дар назар ва амал аст ва ҳавзаи илмия дар ин бахш вазифае хатир бар дӯш дорад, ки дар дараҷаи аввал, тарсими хутути аслӣ ва фаръии тамаддуни навини исломӣ ва сипас табйин ва тарвиҷу фарҳангсозии он, дар ҷомеъа аст ва ин аз ҷумлаи бартарин масодиқи «балоғи мубин» аст.