Феврал 08, 2021 12:51 Asia/Dushanbe
  • Эътирози Вазорати умури хориҷаи Эрон ба Вазорати хориҷаи Русия
    Эътирози Вазорати умури хориҷаи Эрон ба Вазорати хориҷаи Русия

Сухангӯи Вазорати умури хориҷа нисбат ба истифода аз унвони ҷаълӣ ба ҷои ибораи Халиҷи Форс дар сафҳаи расмии Вазорати хориҷаи Русия эътироз кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз идораи кулли сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон, Саид Хатибзода дар бораи истифода аз иборати нодуруст ва дурӯғин ба ҷои иборати "Халиҷи Форс" дар ҳисоби расмии Вазорати хориҷаи Русия (ба забони арабӣ) дар Твиттер гуфт: "Эрон ба ин мавзӯ эътирози расмӣ кардааст."

Вай афзуд: "Аз тариқи сафорати кишварамон дар Маскав, ёддошти эътироз ба вазорати хориҷаи Русия ироа шудааст."

 

Бештар бихонед:

Барчасп