Дидори раиси парлумони Эрон бо раиси Шӯрои Федератсияи Русия дар Маскав
Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон, ки ба Маскав сафар кардааст, бо раиси Шӯрои Федератсиюн (сенат)-и Русия дидор кард.
Ба гузориши ИРНА, дар дидори рӯзи душанбеи Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси маҷлиси Шӯрои исломии Эрон ва Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсияи Русия, ду тараф дар бораи равобити Эрону Русия ва масоили парламентӣ ва мавзӯоти минтақаиву байналмилалӣ ва ҳамчунин роҳҳои муқобила бо таҳримҳои золимонаи Амрико алайҳи ду кишвар гуфтугӯ карданд.
Пеш аз ин ҷаласа, Қолибоф бо раиси Думаи давлатии Русия дидор ва паёми Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ба Путинро ба вай таҳвил дод ва гуфт: Муҳимтарин мавзӯи ин сафар, паёми Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ барои раиси ҷумҳурии Русия аст, ки дар он бар истеҳком, роҳбурдӣ ва мустамар будани равобити ду кишвар таъкид шудааст.
Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон дар садри ҳайате парламентӣ ва бино ба даъвати расмии Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатии Русия асри якшанбе ба вақти маҳаллӣ вориди Маскав шуд.
Бештар бихонед:
- Қолибоф паёми Раҳбари инқилоби исломиро ба давлати Русия таслим кард
- Қолибоф: Дар сафар ба Русия ҳомили паёми муҳиме ҳастам