Феврал 09, 2021 19:51 Asia/Dushanbe
  • Мардуми Эрон дар шаби солгарди пирӯзии Инқилоби Исломӣ Аллоҳ Акбарро сар медиҳанд
    Мардуми Эрон дар шаби солгарди пирӯзии Инқилоби Исломӣ Аллоҳ Акбарро сар медиҳанд

Дар шаби солгарди Инқилоби исломӣ, ҳамзамон нурафшонии (салют) майдонҳои аслии шаҳрҳои миллати мусулмони Эрон бонги такбир сар хоҳад дод.

Инқилоби исломии Эрон 11 феврали 1979 ба раҳбарии Ҳазрати Имом Хумайнӣ ( раҳ ) бунёнгузори Ҷумҳурии Исломии Эрон ба пирӯзӣ расид. 

Мардуми  саросари Эрони исломӣ ҳар сол ба ҳамин муносибат бо ҳузури густарда дар роҳпаймоии солгарди пирӯзии инқилоби исломӣ, бо ормонҳои бунёнгузори кабири ҷумҳурии исломӣ ва Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ Ҳазрат Оятуллоҳи Хоманаӣ таҷдиди байъат мекунанд. 

Имсол ба далели густариши вируси корона ин маросимҳо ба сурати маҷозӣ ва режаи мотосиклет ва мошинҳо баргузор мешавад. 

Насруллоҳи Лутфӣ муовини шӯрои ҳамоҳангии таблиғоти исломии Эрон рӯзи сешанбе гуфт: «Дар майдони озодии Теҳрон дар рӯзи 22 баҳмани намунаҳое аз дастовардҳои Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва нерӯи ҳавофазоии сипоҳ ба намоиш гузошта хоҳад шуд. »

 

Бештар бихонед:

Барчасп