Феврал 12, 2021 20:28 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Амрикоиҳо ҳанӯз сиёсатҳояшонро ҷамъбандӣ ва ниҳоӣ накардаанд
    Зариф: Амрикоиҳо ҳанӯз сиёсатҳояшонро ҷамъбандӣ ва ниҳоӣ накардаанд

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон таъкид кард: Давлати оқои Байден ҳанӯз дар хусуси сиёсатҳояш ба ҷамъбандӣ нарасида, аммо сиёсатҳои Эрон комилан шаффоф ва қотеъ аст.

Муҳаммадҷаводи Зариф дар гуфтугӯи ихтисосӣ бо шабакаи хабарии “Фоникс”-и Чин изҳор дошт: Дар хусуси масоили ахири марбут ба БарҶом бо давлати ҷадиди Иёлоти Муттаҳида, Эрон гоми нахустро барнахоҳад дошт, ин Амрикост, ки ибтидо бояд пойбандии худ ба БарҶомро нишон диҳад.

Вазири умури хориҷаи Эрон хотирнишон кард: Амрикоиҳо пеш аз андешидани ҳар гуна тадбире дар бораи БарҶом бояд нисбат ба вокунишҳои Эрон нисбат ба иқдомоташон ҳушёр бошанд.

Зариф дар посух ба пурсиши ин суоли хабарнигори “Фоникс”, ки гуфтааст, Вашингтон гоми аввал дар пойбандӣ ба БарҶомро барнахоҳад дошт, мавзеи Теҳрон чист? гуфт: Ҳамчунон муътақидам, амрикоиҳо ҳанӯз сиёсатҳояшонро ҷамъбандӣ ва ниҳоӣ накардаанд ва ба ҳамин хотир, ки Кохи  Сафед ногузир аз ислоҳи чандинбораи мавозеи Байден хоҳад буд.

Вай таъкид кард: Комилан равшан аст Иёлоти Муттаҳида аз БарҶом хориҷ шудаву қоидатан ҳамин кишвар бояд раванди иттихози сиёсатҳои ноқизи тавофуқи ҳастаиро мутаваққиф кардаву сиёсатҳои таҳримиро лағв намояд.

Вазири умури хориҷаи Эрон дар посух ба суол дар бораи эҳтимоли эҷоди бунбаст дар раванди музокироти БарҶом дар сурати пофишории ду тараф бар мавозеи худ гуфт: Дар ин хусус Эрон ба ҳеч ваҷҳ имтиёзеро ба тарафи муқобил нахоҳад дод ва албатта ба эътиқоди ман бунбасте дар ин робита вуҷуд надорад.

Зариф афзуд: Ба бовари ман дар замони ҳозир давлатмардони амрикоӣ дар ҳоли баррасии сиёсатҳояшон ҳастанд ва интихобе мушаххас дар баробари онҳо вуҷуд дорад, оқои Байден муътақиданд, ки сиёсатҳои Трамп иштибоҳ буда ва ба ҳамин хотир тасмим ба хуруҷ аз ин вазъият гирифта ва хуруҷ аз ин вазъият ба маънои лағви таҳримҳост ва дар чунин фазое ниёзе ба иқдом ё эътои имтиёз аз сӯи Эрон вуҷуд надорад.

Мақомоти Эрон борҳо таъкид кардаанд, ҳеч гоҳ мизи музокираро тарк накардаанд ва тарафе ки аз утоқ хориҷ шуда, Амрико аст.

Онҳо ҳамчунин хотирнишон кардаанд, тамоми иқдомоти марбут ба коҳиши тааҳҳудоти Эронро бар асоси моддаи 36 БарҶом ба далели беамалии тарафи аврупоӣ дар ҷуброни хисороти воридаи якҷонибагароии Амрико анҷом додаву баргаштпазир аст.

 

 Бештар бихонед:

 

Барчасп