Табрики солрӯзи валодати босаодати имом Муҳаммади Боқир (а)
(last modified Fri, 12 Feb 2021 17:23:36 GMT )
Феврал 12, 2021 22:23 Asia/Dushanbe
  • Ҷаззобтарин чеҳраҳо ва бахшандатарин инсонҳо, бархе аз вижагиҳои ҳазрати имом Муҳаммади Боқир (а) аст
    Ҷаззобтарин чеҳраҳо ва бахшандатарин инсонҳо, бархе аз вижагиҳои ҳазрати имом Муҳаммади Боқир (а) аст

Аввали моҳи Раҷаби ҳар соли ҳиҷрии қамарӣ бо солрӯзи валодати босаодати имом Муҳаммади Боқир (а) аз наберагони паёмбар (с) баробар аст.

Ба ҳамин муносибат саросари Эрони исломӣ ғарқ дар ҷашну шодӣ аст.

Имом Муҳаммади Боқир (а) якуми моҳи Раҷаби соли 57 ҳиҷрии қамарӣ дар шаҳри Мадина чашм ба ҷаҳон кушоданд.

Азамати имом Муҳаммади Боқир (а) забонзади хосу ом буд, ҳар ҷо сухан аз волоии ҳошимиёну алавиён ва фотимиён ба миён меомад, эшонро ягонаи вориси он ҳама қадосату шуҷоат ва бузургворӣ мешинохтанд.

Ҷаззобтарин чеҳраҳо ва бахшандатарин инсонҳо, бархе аз вижагиҳои ҳазрати имом Муҳаммади Боқир (а) аст.

Мадеҳасароӣ ва мавлудхонии маддоҳони аҳли байти исмат ва таҳорат (а) аз ҷумлаи барномаҳои ҷашни солрӯзи валодати босаодати имом Муҳаммади Боқир (а) дар саросари Эрони исломӣ аст.

Шаҳрҳои муқаддаси Машҳад ва Қум нурборон шудаву маросими ҷашну сурур бо ҳузури ошиқон ва иродатмандони аҳли байти исмат ва таҳорат (а) дар ҳоли баргузорӣ аст.

Дӯстдорони аҳли байти исмат ва таҳорат (а) бо ширкат дар ин маросим ва пахши ширинӣ, ин мелоди бобаракатро ба якдигар табрик мегӯянд.

Радиои тоҷикии Садои Хуросон фаро расидани солрӯзи валодати имом Муҳаммади Боқир (а) -ро ба ҳамаи мусулмонон ва дигар озодихоҳони ҷаҳон табрик мегӯяд.

 

Бештар бихонед: