Феврал 15, 2021 19:57 Asia/Dushanbe
  • Хатибзода: Узвияти Эрон дар Паймони манъи густариши силоҳҳои ҳастаӣ побарҷо аст
    Хатибзода: Узвияти Эрон дар Паймони манъи густариши силоҳҳои ҳастаӣ побарҷо аст

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт, агар тарафи муқобили Эрон дар БарҶом то ҳафтаи оянда ба тааҳҳудоташ амал накунад, давлати Эрон иҷрои довталабонаи протоколи илҳоқиро мутаваққиф мекунад, ки ин иқдом ба маънои таваққуфи назоратҳои фароподмонӣ аст.

Ба гузориши ИРНА, Саид Хатибзода имрӯз дар нишасти хабарӣ бо ишора ба мусаввабаи маҷлиси Эрон дар бораи таъйини 21 феврал ба унвони зарбулаҷал ё охирин муҳлати тааҳҳудоти тарафҳои БарҶом афзуд: Бар асоси ин мусавваба агар тарафи муқобил то он рӯз тааҳҳудоташро иҷро накунад, давлати Эрон муваззаф аст иҷрои довталабонаи протоколи илҳоқиро мутаваққиф кунад.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар айни ҳоли ёдовар шуд: Албатта ин иқдом ба маънои поёни тамомии назоратҳо нест ва бар ин асос узвияти Эрон дар Паймони манъи густариши силоҳҳои ҳастаӣ побарҷо аст, вале протоколи  илҳоқӣ мутаваққиф мешавад.

Хатибзода бо баёни ин ки ҳамкории Эрон бо Ожонси байналмилалии энержии атомӣ идома меёбад, изофа кард: Тамоми ин иқдомот баргаштпазир ҳастанд, ба шарте ки тарафҳои муқобил ба тааҳҳудоти худ пойбанд бошанд, зимни ин ки мавзеи Эрон низ мабнӣ бар сулҳомез будани фаъолиятҳои ҳастаӣ низ тағйире накардаву фатвои раҳбарӣ дар бораи ҳурмати силоҳҳои куштори ҷамъӣ ва ҳастаӣ ҳам ба қуввати худ боқӣ аст.

 

 

Протоколи илҳоқӣ чӣ мегӯяд?

Бар пояи протоколи илҳоқӣ, Ожонси байналмилалии энержии атомӣ дастрасии комилтаре ба тамоми фаъолиятҳои марбут ба умури ҳастаии кишварҳои узв дорад, бозрасӣ ҳаққи ожонс аст ва дар ин замина ниёзе ба тасвиби Шӯрои ҳуккоми Ожонси байналмилалии энержии атомӣ нест.

Эрон 17 соли пеш бо ҳадафи эътимодсозӣ ба таври довталабона протоколи илҳоқиро имзо кард ва бар ин асос ба ожонс иҷоза дод аз таъсисоти ҳастаии ин кишвар боздид кунад.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп