Феврал 16, 2021 18:01 Asia/Dushanbe
  • Шумори ҷонбохтагони корона дар Эрон ба 59 ҳазору 117 нафар расидааст.
    Шумори ҷонбохтагони корона дар Эрон ба 59 ҳазору 117 нафар расидааст.

Якуним миллиону 534 ҳазору 34 нафар дар Эрон токунун ба таври қатъӣ ба вируси корона мубтало шудаанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон, дар 24 соати гузашта 8 ҳазору 11 бемори ҷадиди мубтало ба Ковиди 19 дар ин кишвар шиносоӣ ва 690 нафар аз онҳо бистарӣ шуданд. 

Ҳамчунин бо фавти 89 нафари дигар аз беморони мубтало ба вируси корона дар 24 соати гузашта шумори маргу мирҳои ношӣ аз корона дар Эрон ба 59 ҳазору 117 нафар расидааст. 

Токунун як миллиону 310 ҳазору 821 нафар аз беморони коронаӣ дар Эрон низ беҳбуд ёфта ё аз бемористонҳо тархис шудаанд. 

Бар асоси омори расмии кишварҳо вируси корона токунун ҳудуди 110 миллион нафарро дар дунё мубтало кардааст ва беш аз ду миллиону 420 ҳазор нафар низ бар асари бемории Ковиди 19 ҷони худро аз даст додаанд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп