Оғози размоиши баҳрии Эрон ва Русия бо тирандозӣ ба аҳдофи фарзӣ
(last modified Tue, 16 Feb 2021 15:21:30 GMT )
Феврал 16, 2021 20:21 Asia/Dushanbe
  • Машқҳои баҳрии Эрону Русия ду рӯз идома доранд
    Машқҳои баҳрии Эрону Русия ду рӯз идома доранд

Муовини амалиёти нерӯи дарёии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: дар нахустин марҳила аз тамринҳои размоиши муштараки Амнияти дарёии Эрон ва Русия дар шимоли Уқёнуси Ҳинд, шиноварҳои ду кишвар ба сӯи аҳдофи аз пеш таъиншуда дар дарё тирандозӣ карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз ИРНА, адмирали дуввум Ғуломризо Таҳонӣ рӯзи сешанбе гуфт: "Ин тамринот имрӯз бо ҳузури нерӯи дарёии Ҷумҳурии Исломии Эрон, Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва нерӯи баҳрии Русия дар уқёнуси Шимолии Ҳинд ва баҳри Уммон оғоз шудааст ва ду рӯзи дигар идома дорад.

Ба гуфтаи адмирал Таҳани Дар, тамоми марҳилаҳои тамринро чархболҳои нерӯҳои баҳрии Ҷумҳурии Исломии Эрон назорат мекунанд.

 

Бештар бихонед: