Феврал 18, 2021 11:06 Asia/Dushanbe
  • Маҷид Тахтиравончӣ дар нишасти олирутбаи Шӯроии амният
    Маҷид Тахтиравончӣ дар нишасти олирутбаи Шӯроии амният

Намояндаи доими Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид гуфт: лағви таҳрим ва тавзеи одилонаи ваксина дар мубориза бо корона зарурӣ аст.

Ба  гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Маҷид Тахтиравончӣ дар нишасти олирутбаи Шӯроии амният, ки бо мавзӯи «Итминон аз дастрасии муносиб ба ваксинаи Ковиди 19 » баргузор шуд, афзуд: Корона душмани муштараки башарият аст ва онҳоро фориғ аз нажод, мазҳаб ва миллият ҳадаф қарор медиҳад, ки барои мубориза бо он, ҳамкорӣ ва ҳамбастагии амалии ҳамаи миллатҳо як зарурат аст. 
 


Вай бо ишора кард,ки ба умедҳои эҷод шуда барои муқобила бо вируси корона бояд ба тазриқи ваксина идома дод ва талошҳои ҷаҳонӣ бар тавлиди анбӯҳ ва тавзеъи одилонаи ваксинаи корона мутамарказ шавад. 

Намояндаи Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид дар айни ҳол аз ин ки токунун миллионҳо нафар аз шаҳрвандони кишварҳои дар ҳоли тавсеъа ваксина задаанд,  дар ҳолеки хеле аз кишварҳои дар ҳоли тавсеъаи даргири корона ҳатто ба андозаи ангуштони даст низ ваксина дарёфт накардаанд, интиқод кард. 

Тахтиравончӣ изофа кард: То мавқее, ки ҳама дар муқобили ин вирус эмин нашаванд, ҳеч касе дар ҳеч ҷои ҷаҳон эмин нест, ба вижа ин ки суръати густариши намудҳои ҷадиди корона бисёр боло аст. 
  
 

Вай таъкид кард, ки дар баробари эмкунӣ, бояд чораҳои дигаре барои кумак ба кишварҳои дар ҳоли рушд, аз ҷумла лағви фаврии таҳримҳои якҷониба ва муҳосираи ғайриинсонӣ дар минтақаҳое чун Яман ва Ғазза андешида шаванд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп