Феврал 20, 2021 14:51 Asia/Dushanbe
  • Фаъолияти гумруки Исломқалъа аз сар гирифта шуд
    Фаъолияти гумруки Исломқалъа аз сар гирифта шуд

Марзи Эрону Афғонистон дар гумруки марзии Исломқалъаи Ҳирот шаш рӯз пас аз оташсӯзии ҳафтаи гузашта, акнӯн боз ва интиқоли маҳмӯлаҳои содиротӣ ва воридотӣ дубора оғоз шудааст.

Ба гузориши ИРНА, Ҷилонӣ Фарҳод, сухангӯи волии Ҳирот гуфт, мақомҳои маҳаллӣ муваффақ шуданд то системаҳои гумрукиро дар Исломқалъа аз рӯзи гузашта (ҷумъа) фаъол кунанд ва раванди ҳамлу нақли коло миёни ду кишвар аз сар гирифта шавад.

Вай афзуд, авлавияти ҳамлу нақл ба колоҳо ва амволе дода мешавад, ки дар маърази фасод бошад.

Барасоси гузориши Утоқи тиҷорати Афғонистон, дар пайи оташсӯзии рӯзи шанбеи гузашта ҳазор мошини борбар ва худрав, аз ҷумла 370 мошини ҳомили нафту газ, ки ҳудӯди сад мошини он мутаъаллиқ ба ронандаҳои эронӣ буданд дар оташ сӯхт.

Ин оташсӯзӣ бо кумаки Ҷумҳурии Исломии Эрон маҳор шуд, аммо бадунболи он марзи байни ду кишвар барои як ҳафта баста шуд, ки ин вазъияти боиси афзоиши шадиди қимати коло, нафту газ ва маводи хӯрокӣ дар Афғонистон шуд.

Гумруки Исломқалъа аз муҳимтарин гумрукҳои Афғонистон дар ғарби ин кишвар аст, ки бештари колоҳои тиҷорӣ аз тариқи ин гумрук аз Эрон ба Афғонистон ворид ва ба дигар кишварҳо содир мешавад.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

 

 

Барчасп