Феврал 20, 2021 22:05 Asia/Dushanbe
  • Маҷмӯи ҷонбохтагони корона дар Эрон ба 59 ҳазору 409 нафар расид
    Маҷмӯи ҷонбохтагони корона дар Эрон ба 59 ҳазору 409 нафар расид

68 бемори коронаӣ дар Эрон дар 24 соати гузашта ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ ба 59 ҳазору 409 нафар расид.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Вазорати беҳдошт ва дармони Эрон; бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ 7 ҳазору 922 бемори ҷадиди мубтало ба корона дар ин кишвар дар шабонарӯзи гузашта шиносоӣ ва 472 нафар аз онҳо бистарӣ шуданд.

Бар ин асос маҷмӯи беморони мубтало ба корона дар Эрон ба як миллиону 566 ҳазору 81 нафар расидааст, ки токунун як миллиону 337 ҳазору 877 нафар аз онон беҳбуд ёфта ва ё аз бемористонҳо тархис шудаанд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп