Оғози музокироти Солеҳӣ бо мудири кулли Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ
(last modified Sun, 21 Feb 2021 09:53:55 GMT )
Феврал 21, 2021 14:53 Asia/Dushanbe
  • Оғози музокироти раиси Созмони энержии атомии Эрон бо мудири кулли Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ
    Оғози музокироти раиси Созмони энержии атомии Эрон бо мудири кулли Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ

Музокираи раиси Созмони энержии атомии Эрон ва мудири кулли Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ дар Теҳрон оғоз шуд.

Ба гузориши хабаргузории Меҳр, музокираи Алиакбари Солеҳӣ-раиси Созмони энержии атомии Эрон ва Рафаел Гросси - мудири кулли Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ имрӯз ( якшанбе ) ба манзури ҳамоҳангӣ ҷиҳати иҷрои ҳамзамони « Қонуни иқдоми роҳбурдӣ барои лағви таҳримҳо ва сиёнат аз манофеъи миллати Эрон» ва фаъолиятҳои подмании Safeguard-и ожонс оғоз шуд .

  Мудири кулли мудири кулли Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ шанбешаб барои дидор бо мақомоти Эрон ва ройзанӣ дар хусуси охирин таҳаввулот дар фаъолиятҳои ҳастаии Эрон дар чорчӯби коҳиши таъаҳҳудоти барҷомӣ вориди Теҳрон шуд.

Маҷлиси шӯроии исломии Эрон дар вокуниш ба бадаҳдии сегонаи аврупоии Британия, Фаронса ва Олмон дар худдорӣ аз анҷоми таъаҳҳудоташон дар Барҷом бо тасвиби қонуни лағви таҳримҳо давлатро мукаллаф кард, ки дар сурати идомаи  таҳримҳои Амрико ҳамкорӣ бо мудири кулли Ожонси байналмиллалии энержии атомиро маҳдуд кунад.

 Бар асоси модаи 6-и ин қонун «Давлати Ҷумҳӯрии исломии Эрон муваззафаст бар асоси бандҳои 36 ва 37-и Барҷом таи 2 моҳ аз тасвиби ин қонӯн, дастрасиҳои назоратии фаротар аз протоколи илҳоқӣ бар асоси Барҷомро мутаваққиф кунад.»

 

  Бештар бихонед :