Феврал 21, 2021 17:39 Asia/Dushanbe
  • Генерал Боқирӣ: талоши Амрико барои бозгашт ба Барҷом нишони иқтидори Эрон аст
    Генерал Боқирӣ: талоши Амрико барои бозгашт ба Барҷом нишони иқтидори Эрон аст

Раиси ситоди нерӯҳои мусаллаҳи Эрон гуфт: давлати Амрико имрӯз талош дорад бо имтиёзи ҳаддиақал ба Барҷом баргардад, ки нишон аз иқтидори чашмгири низоми муқаддаси Ҷумҳурии Исломии Эрон аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, генерал « Муҳаммад Боқирӣ » дар Қум ҷануби Теҳрон ва дидор бо Оятуллоҳ «Ҳусейн Нурии Ҳамадонӣ » яке аз мақомоти бузурги тақлид, афзуд: "Имрӯз мо ба давраи нав ворид шудем, ки бо мудирияти Раҳбари Муаззами Инқилоби исломӣ бо коҳиши таҳримҳо ва ақибнишинии душман мувоҷеҳ хоҳем шуд. "
  

 

 Раиси ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон бо ишора ба шикасти сиёсатҳои тамомиятхоҳонаи душман дар қиболи Ҷумҳурии Исломии Эрон, афзуд: миллати Эрон имрӯз ҳамчун гузашта ба баракати хуни шаҳидони сарбаланду сарафроз ба роҳу масири худ идома медиҳад.

Генерал Боқирӣ  бо баёни ин ки дар яке ду моҳи охири давлати Трамп фишорҳои душман нисбат ба гузашта сангинтар шуд ва дар минтақа таҳаррукоте анҷом дод, гуфт : дар ин бозаи замонӣ ба амри фармондиҳии муъаззами кули қуво, нерӯҳои мусаллаҳи Эрон 10 размоишро дар саросари Эрон баргузор карданд.   

Раиси ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрони афзуд: ин размоишҳо дар ҳавзаҳои мухталифи мушакӣ, ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин, дарёӣ ва падофанди ҳавоӣ баргузор ва сабаб шуд то шайтанатҳои душман дар минтақа поён бигирад ва маҷбур шавад, ки минтақаро тарк кунаду амнияти Эрон ба хубӣ ҳифз шавад. 

Бештар бихонед:

Барчасп