Шарқшиноси гурҷӣ: Шоҳномаи Фирдавсӣ адабиёти Гурҷистонро равнақ додааст
(last modified Mon, 22 Feb 2021 10:34:13 GMT )
Феврал 22, 2021 15:34 Asia/Dushanbe
  • Роҳбари Маркази шарқшиносии Донишгоҳи Гурҷистон гуфт, ки бисёр унсурҳои мифологияи эронӣ  ба фарҳанги Гурҷистон ворид шудаанд.
    Роҳбари Маркази шарқшиносии Донишгоҳи Гурҷистон гуфт, ки бисёр унсурҳои мифологияи эронӣ ба фарҳанги Гурҷистон ворид шудаанд.

Роҳбари Маркази шарқшиносии Донишгоҳи Гурҷистон гуфт, ки Шоҳномаи Фирдавсӣ ба фарҳанги гурҷӣ таъсири амиқ гузоштааст ва ҳатто дар давраи Эҳё боиси шукуфоии адабии кишвар шудааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА,  Александр Чолохадзе Alexanderи Cholokhadze дар Вебинари Шоҳнома дар Гурҷистон гуфт: «Дар авохири давраи ашконӣ ва ба вижа дар даврони сосонӣ, бисёре аз унсурҳои мифологияи Эрон ба фарҳанги Гурҷистон нуфуз кард, ки вожаҳое монанди дев ё номҳои хоси монанди Паридун (Фаридун) ва Исфандиёр аз он ҷумлаанд.»

 
  
Чолохадзе зимни таъкид бар ин ки бархе асотири Эронӣ, қарнҳо пеш аз нигориши шоҳномаи Фирдавсӣ дар адабиёти гурҷӣ роиҷ будааст, гуфт: «Дар зиндагиномаи подшоҳони Гурҷистон, ки қарни 11 милодӣ бо истифода аз манобеи пеш аз исломи гурҷӣ гирдоварӣ шудааст, омадааст ки дар он даврон дар сарзамини тулӯъи хуршед, эрониён аз нажоди ҳахоманишӣ қудратманд шуданд ва аз миёни он нажод, қаҳрамоне ба ном Фаридун бархест ва биюрасп,  фармонравоии морҳоро ба занҷир гирифтор кард ва ба кӯҳе баст ки барои инсон дастраснопазир буд. Чунонкӣ дар зиндагиномаи эрониён навишта шуда, Фаридун бар тамоми сарзамини Эрон мусаллат шуд ва ба кишварҳои дигар сипаҳсолорони бузурги худро гуморд ва бархе аз он кишварҳоро хароҷ гузор кард.»  

Ин шарқшинос дар тафсири матни ёдшуда гуфт: «Сарзамини тулӯъи хуршед, эҳтимолан ҳамон Хуросон аст. Ҳамчунин биюрасп ( дорандаи 10 ҳазор асб ) низ лақаби заҳҳок дар Шоҳнома аст.» 
  
  Александр Чолохадзе дар бораи вижагии тарҷумаҳои Шоҳнома дар асри сафавӣ (1501 - 1736) низ изҳор дошт: «Дар ривоятҳои гурҷӣ Шоҳнома дар он давра, эрониёни бостон зартуштӣ набуданд, балки ҳамчун мазҳари некӣ ва пайравони ҳазрати Масеҳ муаррифӣ шудаанд, ки ин ҳам аз таъсирҳои бумии Гурҷистон бар Шоҳнома аст.» 

Чолохадзе гуфт пас аз тасарруфи Гурҷистон ба дасти Русия, фарҳанги русӣ ва сипас ғарбӣ андак- андак густариш ёфт ва то андозае ба камранг шудани аносури фарҳангу адабиёти эронӣ анҷомид, аммо бо ин ҳол дар қарни бистум пажӯҳишҳои зиёде дар ҳавзаи шоҳномашиносӣ мунташир шуд. 

 

Бештар бихонед: