Намакӣ: Марҳилаи дувуми ваксинатсияи корона аз имрӯз оғоз шуд
(last modified Wed, 24 Feb 2021 11:58:48 GMT )
Феврал 24, 2021 16:58 Asia/Dushanbe
  • Оғози марҳилаи дувуми ваксинатсияи корона дар Эрон
    Оғози марҳилаи дувуми ваксинатсияи корона дар Эрон

Вазири беҳдошти Эрон гуфт, марҳалаи дувуми ваксинатсияи корона аз имрӯз (чаҳоршанбе) оғоз шудааст.

Саиди Намакӣ рӯзи чаҳоршанбе аз маҳалли расадхонаи саломати Вазорати беҳдошти Эрон дар бораи раванди марҳилаи дувуми ваксинатсияи корона изҳор дошт: Дар ибтидо гурӯҳҳои осебпазир, аз ҷумла гурӯҳи дармон, бахшҳои дармонӣ, ҷонбозони шимиёӣ, солмандон, маълулон, тимҳои беҳдоштӣ ва ғуслхонаҳо ҷузви аввалин гурӯҳи тазриқи ваксина ҳастанд.

Вазири беҳдошти Эрон афзуд: Ваксинаи нав авоили ҳафтаи оянда ба дастамон мерасад ва тазриқи он оғоз мешавад то замоне ки ваксинаи тавлиди дохилӣ сохта шавад.

Намакӣ дар бораи ваксинаи эронии «Ков Эрон Баракат» гуфт: Фази аввали ин ваксина ба хубӣ анҷом шудааст ва фази 2 ва 3 -ро ба хубӣ тай мекунем ва дар урдибиҳиштмоҳ умедворем вазъияти сохти ваксинаи «Пастер» низ ба хубӣ тай шавад.

Вай таъкид кард: Фази аввали илмии ваксинаи «Розӣ» низ шуруъ шуда ва ҳамчунин қарор аст ваксина аз Чин вориди кишвар шавад ва то охири исфандмоҳ ин ваксина ворид хоҳад шуд ва бақия аз авоили баҳор такмил мешавад.

 

Бештар бихонед: