Чаро пайванди Душанбе -Теҳрон ногусастанӣ аст?
(last modified Thu, 25 Feb 2021 14:43:05 GMT )
Феврал 25, 2021 19:43 Asia/Dushanbe
  • Вазири дохилии Эрон рӯзҳои 22 ва 23 феврали 2021 бо мақомҳои баландпояи Тоҷикистон дар Душанбе дидор кард
    Вазири дохилии Эрон рӯзҳои 22 ва 23 феврали 2021 бо мақомҳои баландпояи Тоҷикистон дар Душанбе дидор кард

Равобити фарҳангӣ, торихӣ ва забонии Эрону Тоҷикистон ончунон решадор аст, ки ба эътиқоди дӯстдорони ториху фарҳанги ду кишвар, бадхоҳон бо ҳеч тарфанде нахоҳанд тавонист халале дар ин муносибатҳо эҷод кунанд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Абдурризо Раҳмонии Фазлӣ-вазири дохилии Эрон ва ҳайати ҳамроҳи вай дар ҳоле ба даъвати ҳамтои тоҷики худ ва барои тавсеъаи равобити ду кишвар ин ҳафта дар Душанбе- пойтахти Тоҷикистон ҳузур ёфтанд, ки ба гуфтаи муҳаққиқону коршиносон ин сафар равобити амиқи ду кишвар дар ҷанбаҳои мухталифи амниятӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва сиёсиро эҳё кард.

  Аҳамияти равобити ду кишвар  ончунон аҳамият дорад, ки Раҳмонии Фазлӣ дар ин сафар ва дар гуфтугӯ бо мақомоти Тоҷикистон таъкид кард :«Ба рағми фарозу нишебҳое, ки дар равобити ду кишвар будааст, иштирокоти фаровоне, ки байни ду тараф вуҷуд дорад, мӯҷиб мешавад, ки равобити ду кишвар дар масири тавсеъаи ҳамкориҳо, сармоягузориҳои муштараки иқтисодӣ ва тиҷорӣ ва эҷоди ҳамкориҳои муштарак пеш равад .»

  Маҷиди Асадӣ- узви анҷумани дӯстии Эрону Тоҷикистон дар бораи ин сафар мегуяд : « Сафари Раҳмонии Фазлӣ ба Душанбе ва дидор бо Эмомалӣ Раҳмон умед ба фасли наву равшан дар равобити дуҷонибаро афзоиш дод .»

Маҳмуди Ҳажири Теҳронӣ-муҳаққиқи торихи Тоҷикистон ва Осиёи миёна ва узви анҷумани дӯстии Эрону Тоҷикистон ҳам дар бораи аҳамияти сафари Раҳмонии Фазлӣ ба Душанбе гуфт : « Эрону Тоҷикистон ба унвони ду кишвари ҳамзабон, ҳамтабор ва ҳамфарҳанг бояд бо якдигар муттаҳид ва наздик бошанд, аз ин рӯ иртиботи танготанги давлатмардони ду кишвар низ дорои аҳамияти роҳбурдӣ аст . »

  Ин устоди донишгоҳ таъкид кард : « Агарчӣ душманон дар чанд соли гузашта саъй карданд аз суитафоҳумҳои рухдода дар ҷиҳати тахриби равобит баҳрабардорӣ кунанд, аммо равобити самимонаи ду кишвар ончунон амиқ аст, ки ғаразварзии бегонагон нахоҳад тавонист ин робитаҳоро халалдор кунад .»

  Алиасғари Шеърдӯст-сафири пешини Эрон дар Тоҷикистон низ мегуяд : «Дар солҳои сахти Тоҷикистон, Эрон бародарашро танҳо нагузошт бинобарин ибҳомоти сиёсӣ дар робитаи ду кишвар наметавонад ин пайванди торихиро барҳам  занад . »

  Сиёсату рӯйкарди Теҳрон дар солҳои баъд аз истиқлоли Тоҷикистони ҳамроҳӣ ва истодан дар канори давлати Душанбе будааст ва густариши равобит дар ҳамаи заминаҳо ва тарсими ояндаи равшан дар ин робита аз авлавиятҳои Теҳрон дар робита бо Душанбе аст .

 

  Бештар бихонед :