Июл 17, 2024 19:00 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории донишгоҳии Тоҷикистон ва Эрон дар бахши тандурустӣ
    Ҳамкории донишгоҳии Тоҷикистон ва Эрон дар бахши тандурустӣ

Дар дидори раиси Донишгоҳи улуми пизишкии Шерози Эрон ва раиси Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон бар аҳамияти ҳамкории муштараки ин ду донишгоҳ таъкид шуд.

Сайид Ваҳиди Ҳусайнӣ, раиси Донишгоҳи улуми пизишкии Шероз дар дидор бо раиси Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, бо муаррифии тавонмандиҳо ва дастовардҳои маҷмӯаи саломати Форс дар ҳитаҳои мухталиф, ба вижа дар заминаи анҷоми аъмоли дармонӣ, бар иртиқои ҳамкориҳову равобити муштараки ду маҷмӯа таъкид кард.

Ба гузориши равобити умумии Донишгоҳи улуми пизишкии Шероз, Нуриддин Муҳиддин, раиси Донишгоҳи таҳсилоти такмилии тиббии Тоҷикистон низ дар ин дидор бо баёни заминаҳои муштараки иқдомот, аз талошҳову ҳамкориҳои маҷмӯаи Донишгоҳи улуми пизишкии Шероз дар беҳбуду иртиқои сатҳи омӯзишиву дармонии кишвари Тоҷикистон, қадрдонӣ кард.

 

Барчасп