Феврал 27, 2021 18:38 Asia/Dushanbe
  • Охирин омори корона дар Эрон то рӯзи шанбе, 27 феврали соли 2021 эълом шуд
    Охирин омори корона дар Эрон то рӯзи шанбе, 27 феврали соли 2021 эълом шуд

Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз фавти 81 нафари дигар дар ин кишвар бар асари Ковиди 19 хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Симо Содот Лорӣ рӯзи шанбе дар ҷамъи хабарнигорон дар бораи охирин омори корона дар Эрон гуфт: «Токунун як миллиону 623 ҳазору 159 нафар дар кишвар ба таври қатъӣ ба вируси корона олуда шудаанд ва бо фавти 81 нафар аз беморон дар 24 соати гузашта, шумори фавтиҳо дар Эрон ба 59 ҳазору 980 нафар расидааст.» 

 
Сухангӯии Вазорати беҳдошти Эрон афзуд: «Дар 24 соати гузашта бар асоси меъёрҳои қатъии ташхис, ҳафт ҳазору 975 бемори ҷадиди Ковид - 19 дар кишвар шиносоӣ шуд.» 

Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон ҳамчунин гуфт: «Токунун як миллиону 386 ҳазору 534 нафар аз беморон, беҳбуд ёфта ё аз бемористонҳо мурраххас шудаанд.» 

Бар асоси омори расмии кишварҳо вируси корона токунун ҳудуди 112 миллион нафарро дар дунё олуда карда ва беш аз ду миллиону 450 ҳазор нафар низ бар асари бемории Ковид - 19 фавт кардаанд. 

 

Бештар бихонед:

Барчасп