Интиқоди Руҳонӣ аз кишварҳое, ки ба фикри бақияи мардуми ҷаҳон нестанд
(last modified Sat, 27 Feb 2021 15:03:01 GMT )
Феврал 27, 2021 20:03 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ таъкид кард, ки иммунитети глобалӣ замоне сохта мешавад, ки ваксинаи корона дар тамоми кишварҳо анҷом дода мешавад
    Рӯҳонӣ таъкид кард, ки иммунитети глобалӣ замоне сохта мешавад, ки ваксинаи корона дар тамоми кишварҳо анҷом дода мешавад

Раиси Ҷумҳурии Эрон аз кишварҳое, ки бо хариди ҳарчӣ бештари ваксинаҳои коронаии тавлидшуда дар ҷаҳон намегузоранд бақияи кишварҳо низ ваксина дарёфт кунанд, интиқод кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳасан Руҳонӣ рӯзи шанбе дар нишасти ситоди миллии коронаии Эрон гуфт: « Кишварҳое, ки пешрафта ва пулдор ҳастанд ва имконот доранд мехоҳанд ҳамаи ваксинҳои коронаро ба кишвар худ биоваранду сариъ ваксинатсия дар кишварашон анҷом шавад. Табиист, ки ҳар ҳукумате ба фикри мардуми худ бошад, аммо вазифаи ахлоқӣ ва инсонӣ ҳукм мекунад, ки ба фикри ҳамаи мардуми ҷаҳон бошем. » 
  
  

Руҳонӣ афзуд: «Ин беморӣ як пондемия аст, яъне беморест, ки саросари ҷаҳонро фарогирифта ва масунияти воқеии замоне ҳосил мешавад, ки дар саросари ҷаҳон ваксинатсия анҷом бигирад ва ҳама кишварҳо битавонанд аз он истифода кунанд.»   
  

Раиси Ҷумҳури Эрон дар бораи баргузории маросими иди наврӯзи пеши рӯ низ гуфт: «Ҳама дӯст дорем шаби ид, шабҳои оромӣ барои мардум бошад ва мардум битавонанд ҳамаи русуму суннатҳоро –албатта на ба шакли собиқ– баргузор кунанд, аммо ҳама бояд муроот кунанд. Иди имсол мушобеҳи иди порсол аст ва бояд бештар муроқибат кунем.» 

Руҳонӣ ҳамчунин аз тамомии парасторон ба хусуси касоне, ки ба беморони коронаӣ хизмат мекунанд қадрдонӣ кард. 

 

Бештар бихонед: