Дидори сафири Тоҷикистон дар Теҳрон бо муовини вазири умури хориҷаи Эрон
Сафири Тоҷикистон дар теҳрон бо муовини вазири корҳои хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дидор ва гуфтугӯ кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии садоии хуросон ба нақл аз дафтари матбуотии Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон, Низомиддин Зоҳидӣ ва Саид Расули Муҳоҷир дар ин дидор дар бораи сатҳи кунунӣ ва дурнамоии густариши муносибатҳои Душанбе ва Теҳрон баҳс ва табодули назар карданд.
Ду тараф бо арзёбии вазъи феълии равобити Тоҷикистон ва Эрон мавзӯи густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ, ҳамлу нақл, энержӣ ва низ равобити илмӣ ва фарҳангиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Зоҳидӣ ва Муҳоҷир ҳамчунин дар бораи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Эрон дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ва роҳҳои густариши равобити дуҷониба гуфтугӯ карданд.
Гуфта мешавад, ки дар соли 2020 ба далели густариши вируси корона мубодилоти тиҷории Тоҷикистону Эрон 57 миллиону 700 ҳазор доллар будааст, ки дар муқоиса бо соли 2019 коҳиши 10, 3 дарсадиро нишон медиҳад.
Бештар бихонед: