Феврал 17, 2024 14:54 Asia/Dushanbe
  • Равнақи муносиботи Шероз ва Душанбеи Тоҷикистон ба мизи гуфтугӯи мудирони шаҳрӣ ва сафорат расид

Дар дидори шаҳрдори Шероз ва сафири Тоҷикистон дар Эрон, лузуми талош барои равнақи муносиботи Шероз ва Душанбе матраҳ шуд.

Шаҳрдори Шероз шанбе дар дидор бо сафири ҷумҳури Тоҷикистон дар Эрон гуфт: Равнақи муносиботи Шероз ва Душанбе ниёзманди эҳтимоми бештар аз ҷониби ҳар 2 шаҳр аст.

  Муҳаммадҳасани Асадӣ дар дидор бо Низомуддин Зоҳидӣ-сафири Тоҷикистон дар Эрон баён кард: Робитаи Эрон ва Тоҷикистон аз дер боз робитаи дӯстона ва самимӣ буда ва иштирокоти забонӣ, фарҳангӣ ва таърихӣ омили пайванди ногусастанӣ байни 2 миллат аст.

 Вай идома дод: Шероз ва Душанбе 32 сол аст, ки бародархонда ҳастанд ва тайи ин солҳо иқдомоти матлубе анҷом шуда, ки дар муқоиса бо зарфиятҳои гуногуни ҳамкорӣ, ниёзманди эҳтимоми бештар аз сӯи ҷонибҳо барои густариши иртиботот ҳастем.

Сафир Тоҷикистон низ дар ин дидор бо баёни инки мардуми Тоҷикистон ба Шероз иродоти хоссе доранд, гуфт: Тоҷикистониҳо ба боздид аз Шероз ва маконҳои таърихии он ба вежа оромгоҳи Ҳофиз ва Саъдӣ, тахти Ҷамшед ва нақши Рустам алоқаи бисёр зиёде доранд.

 Низомуддин Зоҳидӣ бо таъкид бар инки муносибатҳои дуҷонибаи миллӣ байн Эрон ва Тоҷикистон бидуни вақфа дар ҳоли анҷом аст, афзуд: Тавсеаи равобити байни шаҳрҳо ва устонҳои ду кишвар низ дар дастури кор қарор гирифтааст.

 Сафири Тоҷикистон мӯътақид аст, ки равобити бародархондагиҳои Шероз ва Душанбе бо имзои як санади ҳамкории нав тақвият хоҳад шуд.

 Вай гуфт: Як қатор иқдомот аз ҷумла тадвини барномаи ҳамкории Шероз ва Душанбе, ширкат дар намоишгоҳҳо ва ҳузури фаъоли мудирони баландпоя дар барномаҳои 2 шаҳр бояд дар дастури кор қарор гирад.

 Ӯ ҳамчунин аз талошҳо ва барномарезиҳои суратгирифта барои барқарории парвози мустақим байни Шероз ва Душанбе хабар дод ва бар лузуми тақвияти ҳамкории бахши хусусии 2 шаҳр низ ба вежа дар бахши ширкатҳои донишбунён, корхонаҷот ва саноеъ таъкид кард.

 Низомуддин Зоҳидӣ бо ташреҳи сиёсатҳои калони тавсеаи Тоҷикистон барои табдили иқтисоди устувор ба кишоварзӣ ба иқтисоди бо меҳварият санъат ва кишоварзӣ, ин мавзӯъро фурсати муносибе барои истифода аз тавонмандиҳои саноъати Шероз ва Форс унвон кард, ки бо истиқбол ва эъломи омодагӣ ва ҳимояти шаҳрдори Шероз рубару шуд.

 

Барчасп