Май 25, 2024 13:09 Asia/Dushanbe
  •  Сафари раисҷумҳури Ироқ ба Эрон

Раисҷумҳури Ироқ дар садри ҳайате роҳии Эрон шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,субҳи имрӯз шанбе ҳайати баландпоя аз кишвари Ироқ муташаккил аз панҷоҳ шахсияти сиёсӣ, ки дар садри он Абдуллатиф Рашид, раисҷумҳури ин кишвар ҳузур дорад барои арзи тасалият ва ҳамдардӣ бо миллати Эрон ба хотири шаҳодати Сайид Иброҳим Раисӣ роҳии Теҳрон шуданд.

 Бар асоси ин гузориш, дидор бо Мақоми муаззами раҳбари аз барномаҳои ин ҳайати ироқӣ аст.

 Пеш аз ин низ нахуствазири Ироқ барои ширкат дар маросими ташйиъи шаҳид Сайид Иброҳим Раисӣ, раисҷумҳури фақиди Эрон ба Теҳрон сафар карда буд.

  Саид Иброҳим Раисӣ-ҳаштумин раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон асри якшанбе (19 маи 2024) дар масири бозгашт аз маросими ифтитоҳи садди "Қиз қалъаси" ба самти шаҳри Табриз, дар минтақаи Варзақони устони Озарбойҷони шарқӣ, шимолу ғарби Эрон, дучори сониҳаи ҳавоӣ шуд ва ба ҳамроҳи Ҳусайни Амирабдуллоҳиён-вазири умури хориҷа ва дигар ҳамроҳон, ба мақоми рафеъи шаҳодат ноил омад.

 

Барчасп