Май 24, 2024 19:58 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури Раҳбари инқилоб дар манзили Сайид Иброҳими Раисӣ
    Ҳузури Раҳбари инқилоб дар манзили Сайид Иброҳими Раисӣ

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ раиси ҷумҳурии фақиди Эронро мазҳари шиорҳои инқилоби исломӣ донистанду изҳори иродати мардум ба эшонро паёме ба дунё ба нафъи ҷумҳурии исломӣ тавсиф карданд.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари ҳифзу нашри осори ҳазрати оятуллоҳилузмо Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо ҳузур дар манзили Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси ҷумҳурии фақиди Эрон гуфтанд: Фуқдони эшон хисорати сангину ғайриқобили ҷаброне барои кишвар дорад.

Image Caption

 

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба ҳузури мардум дар ташйиъи раиси ҷумҳурӣ, ки аз диди меҳмонони хориҷии дидоркунанда бо эшон ҳам пинҳон намонда буд, онро паёмӣ ба дунё ба нафъи ҷумҳурии исломӣ тавсиф карданд, ки решаи мардумии ҷумҳурии исломӣ ва қуввати онро нишон дод; қудрату қуввате, ки дар умқи ҷомеаву миллати Эрон реша дорад.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо таъкид бар ин ки хадамоти холисонаи раиси ҷумҳурии фақид фақат ба давраи ҳаёташ хулоса намешавад, афзуданд: Раисӣ баъд аз ҳаёташон ҳам хадамоти арзандае ба кишвар карданд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамчунин ба изҳори лутф, муҳаббат ва иродати мардум пас аз вуқуи ҳодиса дар шаҳрҳои мухталиф, ишора кардаву афзуданд: Ин иҷтимоъот, ки бо дуову равза барои саломатии раиси ҷумҳурӣ ҳамроҳ буд, нишондиҳандаи дилбастагии мардум ба инқилоб ва шиорҳои инқилоби исломӣ аст.

 

Барчасп