Дидору гуфтугуи раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндаи маҷлиси миллии Кореяи Ҷанубӣ
(last modified Sat, 25 May 2024 12:56:14 GMT )
Май 25, 2024 17:56 Asia/Dushanbe
  • Дидору гуфтугуи раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндаи маҷлиси миллии Кореяи Ҷанубӣ
    Дидору гуфтугуи раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндаи маҷлиси миллии Кореяи Ҷанубӣ

Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ю Дунги Су, намояндаи маҷлиси миллии Ҷумҳурии Кореям Ҷанубӣ дидору гуфтугу карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ховар, Эмомалӣ Раҳмон раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ю Дунги Су, намояндаи маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея дидору гуфтугу карданд.дар ин дидори мавзуъоти тақвият ва густариши ҳамкориҳои ду кишвар мавриди баҳсу барраси қарор гирифт.

Тарафайн аз вазъияти кунунии равобити байни Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ иброз ризоят карданд .Дар ин дидори рушди ҳамкориҳо дар заминаҳои муҳими сиёсӣ, байнипорлумонӣ, иқтисодӣ, тиҷорӣ, фарҳангӣ ва башардустона мавриди баҳсу барраси қарор гирифт.

Таъкид шуд ки эҳдоси корхонаҳои тавлиди континир ва панелҳои хуршедӣ дар минтақаи озоди иқтисодии Данғара, ки имруз санги баннои он гузошта шуд, оғози марҳалаи ҷадиди аз тавсеаи ҳамкориҳо хоҳад буд.

Дар ин дидори тарафайн дар бораи масоили муҳими минтақаӣ ва байналмилалӣ низ баҳсу табодули назар карданд.