Март 04, 2021 13:40 Asia/Dushanbe
  • Эҳёи тарҳи рейлӣ миёни Теҳрон – Истанбул - Исломобод пас аз ҳудуди 10 сол
    Эҳёи тарҳи рейлӣ миёни Теҳрон – Истанбул - Исломобод пас аз ҳудуди 10 сол

Роҳи оҳани Покистон фаъолияти дубораи хати қатори бории ЭКО (контейнерӣ), ки ин кишварро ба Эрону Туркия мепайвандад, аз имрӯз - 4 март (панҷшанбе) аз сар мегирад. Ҳабибурраҳмони Гелонӣ, раиси роҳи оҳани Покистон эълом кард: «Ҳаракати ин қатор аз 4 март аз Истанбул оғоз мешавад ва пас аз 180 соат вориди Зоҳидон, ҷануби шарқи Эрон хоҳад шуд.

Мушовири нахуствазири Покистон дар умури бозаргонӣ ва сармоягузорӣ ҳам бо таъйиди роҳандозии дубораи қатори борӣ (контейнерӣ)-и ЭКО миёни Теҳрон - Истанбул – Исломобод, аз эҳёи ин тарҳи роҳи оҳанӣ истиқбол кард.

Қатори контейнерии ЭКО бар асоси тавофуқи сеҷониба миёни Исломобод, Теҳрон ва Анкара дар соли 2009 (1387) фаъолияти худро расман оғоз кард ва аввалин қатор дар рӯзи чаҳордаҳуми августи ҳамон сол (23 мурдоди 1388) аз Исломобод ва аз масири Эрон озими Туркия шуд. Фаъолияти ин қатор то декабри соли 2011 идома ёфт, аммо пас аз муддате ба далоили амниятӣ, ҳаракати қаторҳо мутаваққиф шуд. Акнун бо сипарӣ шудани наздик ба як даҳа аз таваққуфи ҳаракати қатори контейнербари ЭКО, гузоришҳои расмӣ аз иқдомоти тоза барои эҳёи муҷаддади ҳаракати қатори бории Исломобод - Теҳрон - Истанбул ҳикоят дорад. Ин хати роҳи оҳани масири 6500 километрӣ миёни Покистону Туркия аз масири Ҷумҳурии исломии Эрон тай мешавад, ки шомили 2600 километр дар Эрон, 1950 километр дар Туркия ва дар Покистон 1990 километр мешавад.

Ҳаҷми ҳамлу нақли рейлии Эрон ва Туркия то як миллион тон афзоиш меёбад

Қатори ЭКО дар шароите фаъолияти худро аз имрӯз оғоз мекунад, ки тараддуди он аз чанд назар дорои аҳамият аст:

Нуктаи аввал ин ки ин тарҳи рейлӣ миёни Теҳрон - Истанбул - Исломобод пас аз 9 соли вақфа аз имрӯз (4 март) дубора роҳандозӣ мешавад. Ба гуфтаи мушовири нахуствазири Покистон эҳёи ин тарҳи рейлӣ боиси осон шудани тиҷорат миёни Эрон, Покистон ва Туркия мешавад.

Нуктаи баъдӣ ин ки ин хати оҳан аз сӯйи созмони байналмилал ба унвони каридори байналмилалии ин се кишвар шинохта мешавад. Ҳарчанд ин пружа бо ҳадафи тақвияти равобити иқтисодӣ миёни кишвари муассиси узви ЭКО роҳандозӣ шудааст, аммо бо ин ҳол як масири кӯтоҳ, амн ва басарфа дар интиқоли молу маҳсулот миёни Осиё ва Аврупо ироа медиҳад ва манофеаш ба кишварҳои дигар ҳам мерасад. Дар воқеъ, ин каридор аз Туркия аз тариқи туннели зериобии Мармарай метавонад ба шабакаи рейлии Аврупо муттасил шавад.

Нуктаи сеюм ин ки гуфта мешавад эҳёи ин хати оҳан барои ҳар се кишвар фавқуллода пурманфиат аст. Дар воқеъ, эҳёи роҳи оҳани ЭКО фурсате барои бозаргонон ва фаъолони касбу кор баҳри истифода аз масири ҷадиди воридоту содирот, ба вижа осонсозии ҳамлунақл миёни Эрон, Покистон ва Туркия маҳсуб мешавад. Ба баёни дигар, иртибототи минтақаӣ миёни се кишвар, осон шудани рафтуомади тиҷорӣ ва мардумӣ ва мазоёи иқтисодии дарозмуддат аз дастовардҳои ин пружаи рейлӣ маҳсуб мешавад.

Ва нуктаи баъдӣ ин ки ба гуфтаи коршиносон, хати оҳани мавсум ба ЭКО барои Эрон низ бисёр ҷаззоб аст. Як таҳлилгари ғарби Осиё дар ин бора мегуяд: «Барои Теҳрон ин як масири тиҷоратии ҷойгузин ва ҷаззоб аст, зеро кишварҳои ЭКО бо арзҳои дохилӣ муомила мекунанд ва дар замони буҳрону ҷанг чунин роҳҳои тиҷорати заминӣ ҷойгузини бисёр арзишманд ва судовар аст».

Дар маҷмуъ бояд гуфт, ки эҳёи хати роҳи оҳани Эко сарфи назар аз ҷанбаҳои иқтисодии он, муҳимтарин роҳ барои табодули масири дастраси Шарқу Ғарб маҳсуб мешавад ва сад албатта равшан аст Эрон дар ин каридори иртиботӣ нақши бебадиле дорад.

Афзун бар ин, ба навиштаи торнамои олмонии «Дойче Велле», қатори бории ЭКО афзоиши иртиботот миёни Эрон, Покистон ва Туркияро бештар мекунад. Торнамои мазкур ба нақл аз коршиносони маркази Осиёи Ҷанубии Шӯрои Атлантика ва Академияи мутолеоти ҷанг меафзояд: Агарчӣ тарҳи рейлии ЭКО бахше аз ибтикори амали камарбанду ҷоддаи Чин нест, аммо интизор меравад ин хати рейлӣ дар он гунҷонда шавад. Дар сурати иҷро шудани барномаи роҳбурдии 25 солаи Эрону Чин, Пекин бидуни шак ба истифода аз зарфияти қатори контейнербари ЭКО барои тақвияти иртиботот дар минтақа ниёз пайдо мекунад ва ҳамзамон дар сурати муваффақияти чиниҳо барои маҳори нуфузи Амрико дар Осиё, онон ба мушорикати бештари кишварҳои минтақа эҳтиёҷ доранд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп