Муносиботи тиҷории Эрону Узбекистон густариш меёбад
(last modified Thu, 04 Mar 2021 11:11:24 GMT )
Март 04, 2021 16:11 Asia/Dushanbe
  • Эрону Узбекистон қасд доранд мубодилоти тиҷории худро афзоиш диҳанд
    Эрону Узбекистон қасд доранд мубодилоти тиҷории худро афзоиш диҳанд

Мақоми эронӣ гуфт : Заминаҳои муносибе барои густариши муносиботи иқтисодӣ ва дипломатӣ байни Эрону Узбекистон фароҳам аст

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Меҳр, Ҳусайни Тулуъиён- раиси созмони санъат, маъдан ва тиҷорати устони Гулистони Эрон рӯзи панҷшанбе дар нишасти ошноӣ бо бозорҳои Эрону Узбекистон, ки ба сурати видеоконфронс бо ҳузури ҷамъе аз фаъолони иқтисодии вилоятҳои Узбекистон баргузор шуд гуфт : «Бо тавваҷуҳ ба вуҷуди муштаракоти фарҳангии фаровон, заминаҳои муносибе барои густариши муносиботи иқтисодӣ ва дипломатӣ байни ду кишвари Узбекистону Эрон фароҳам аст . »

  Тулуъиён афзуд : « Дар ҳоли ҳозир равобити тиҷорӣ ва бозаргонии ду кишвар ба содироту воридоти бархе маводи кимиёӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ маҳдуд шуда аст, аммо метавон бо аз миён бардоштани маҳдудиятҳо мубодилоти иқтисодиро беҳбуд бахшид .

  Вай гуфт бо мубодилаи коло бо коло тақвияти табодулоти ду тараф бо пулҳои миллӣ ва иҷрои тарофаҳои тавҷеҳӣ метавон ҳамкориҳои иқтисодии беҳтареро барои ду кишвари Эрону Узбекистон рақам зад .

 Мубодилоти тиҷории Эрону Узбекистон аз 186 миллион доллар дар соли 2018 ба 411 миллион доллар дар соли 2019 афзоиш  ёфт.

 

  Бештар бихонед :