Октябр 19, 2016 18:47 Asia/Dushanbe
  • Дидори нухбагон ва истеъдодҳои бартар бо Раҳбари муаззами инқилоб

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, мавзӯи «ҷаҳонӣ шудан» ва тавсияи амрикоиҳо ва аврупоиҳо ба Эрон барои пайвастан ба «хонаводаи ҷаҳонӣ»-ро намунаи боризе аз бозтавлиди фарҳанги вобастагӣ донистанд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ - Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ субҳи рӯзи чаҳоршанбе дар дидори нухбагон ва истеъдодҳои бартари илмӣ, хотирнишон карданд, мухолифат бо пайвастан ба ончи тарафи ғарбӣ ҷомеаи ҷаҳонӣ меномад, ба маънои мухолифат бо иртибототи хориҷӣ нест, балки ба маънои муқовимат дар муқобили фарҳанги таҳмилии қудратҳои бузург бар иқтисод, сиёсат ва амнияти кишвар аст.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, бо ишора ба душмании қудратҳои шайтонӣ бо ҳар ҳаракати мухолиф, афзуданд: Изҳороти яке аз давлатмардони амрикоӣ мабнӣ бар ҳимоят ва тарафдории Эрон аз муқовимат ва тадовуми таҳримҳо алайҳи Эрон, ҳамон воқеияти бадбинӣ ба Амрико аст.

Эшон дар идома бо ишора ба баёнияи ахири Иттиҳодияи Аврупо, ки дар он ба имконот ва зарфиятҳои азими Эрон пардохта шудааст, афзуданд: Суханони дар бораи имконоти пешрафт ва манобеи инсонӣ ва табиӣ Эрон раҷазхонӣ нест, балки воқеияте аст, ки ғарбиҳо ҳам ба он изъон доранд.

 Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ таъкид карданд: Амирикоиҳо ҳатман бо «Эроне бо чунин зарфияти пешрафт ва бархурдор аз ҳукумате бар мабнои ислом» мубориза мекунанд ва дарку таҳлили ин муҳим дар миёни нухбагони ҷавон, онҳоро дар ифои вазоифи таърихиашон кумак хоҳад кард.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, бо ишора ба масоиб ва мушкилоти имрӯзи башарият ва бунбасти тафаккурҳои модӣ, ҷаҳонро ниёзманди як ҳарфи нав дар масоили башарӣ ва масоили байналмилалӣ донистанд ва таъкид карданд: Рақобатҳои интихоботӣ дар Амрико ва мавзӯоти матраҳ миёни ду номзад, намунаи бориз ва ошкор аз натоиҷи набуди маънавият ва имон дар соҳибони қудрат аст.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ хотирнишон карданд, дар ҳафтаҳои оянда, яке аз ин ду номзади феълии интихоботи Амрико раиси ҷумҳурии кишваре хоҳад шуд, ки дорои қудрату сарват ва бештарин силоҳи атомӣ ва бузургтарин расонаҳои ҷаҳон аст.

Эшон иллати лузуми таваҷҷуҳи вижа ва ҷиддии масъулон ба мавзӯи нухбагонро, аҳдофи бузурги пеши рӯйи низоми исломӣ хонданд ва тасреҳ карданд: Ҷумҳурии Исломии Эрон бояд ба кишваре пешрафта, қудратманд, шариф, соҳиби ҳарфи нав, дорои иззат, бархурдор аз эҳсоси иззат, саршор аз маънавияту имон ва барафрозандаи парчами тамаддуни навини исломӣ табдил шавад.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, таваққуфи ҳаракати илмии Эронро ҳадафи аслии душманон хонданд ва хотирнишон карданд, агар дар таҳаққуқи ин ҳадаф ноком монданд, барои ба инҳироф кашондани он, талош мекунанд ва агар нашуд, рӯйи бадном кардан ва олуда кардани он сармоягузорӣ хоҳанд кард.

Эшон бо истинод ба иттилооти пойгоҳҳои ҷаҳонӣ афзуданд, суръати пешрафти илми Эрон дар мақтае 13 баробари мутавассити ҷаҳон шуд ва ин суръат ба ҳеҷ ваҷҳ набояд коҳиш ёбад, балки бояд бештар шавад.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ҳамчунин ҷавонони нухбаро ҳадоёи нафиси илоҳӣ ва амонате дар дасти масъулон хонданд ва таъкид карданд, лаҳзае дар дифоъ аз ҷомеаи илмӣ ва нухбагон кӯтоҳ намеоянд.