Таслияти шаҳодати ҳазрати имом Мӯсои Козим (а)
(last modified Mon, 08 Mar 2021 17:22:41 GMT )
Март 08, 2021 22:22 Asia/Dushanbe

Фардо (сешанбе) 25 раҷаби 1442 ҳиҷрии қамарӣ, мусодиф бо нуҳуми марти 2021 солрӯзи шаҳодати ҳазрати имом Мӯсои Козим (а), ҳафтумин пешвои мусулмонони ҷаҳон аст.

Имом Мӯсои Козим (а) дар мактаби бузурги илмии падарашон ҳазрати имом Ҷаъфари Содиқ (а), ки донишмандони бисёре дар он ҳузур доштанд, ширкат мекарданд ва бо баҳрамандӣ аз фазоили падар дар сифот ва вижагиҳои олии ахлоқӣ ҳамчун порсоӣ, истиқомат, шуҷоат ва адолатхоҳӣ, улгӯи барҷаста шуданд.

Имом Мӯсои Козим (а) ҳудуди 35 сол имомати мусулмононро бар ӯҳда доштанд ва муддати зиёде аз ин солҳоро дар ҳабсу табъид гузарониданд ва ин шароит нишон медиҳад, ки дар даврони эшон сахтгирии ҳокимони Аббосӣ ба аҳли байти исмату таҳорат (а) афзоиш ёфта буд.

Он чӣ имом Мӯсои Козим (а) -ро зидди шароити мавҷуд бармеангехт, низоми фосиди сиёсиву иҷтимоии ҳоким бар мусулмонон буд ва дар чунин мавқеияте имом бар огоҳиҳои сиёсиву иҷтимоии мардум меафзуданд ва равиши ҳокимони бани Аббосро муғойир бо арзишҳои Ислом медонистанд.

Ҳорунаррашид, аз хулафои Аббосии ҳокими вақт, ки намехост мардум аз дарёи бекарони илму фазилати ҳазрати Мӯсои Козим (а) баҳра бибаранд, бо дасисае эшонро дар зиндон заҳролуд кард ва он ҳазрат дар синни 55 солагӣ дар соли 183 ҳиҷрии қамарӣ ба шаҳодат расиданд ва ҳарами эшон қарнҳост, ки дар шаҳри Козимайни Ироқ зиёратгоҳи дилдодагони хонадони набувват аст.

Садо ва симои Ҷумҳурии исломии Эрон солрӯзи шаҳодати имом Мӯсои Козим (а) -ро ба ҳамаи мусулмонон таслият мегӯяд.