Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ба аслиҳаи инфиродии тамомэронӣ муҷаҳҳаз мешаванд
(last modified Tue, 09 Mar 2021 05:22:00 GMT )
Март 09, 2021 10:22 Asia/Dushanbe
  • Силоҳи эронии Масоф қобилияти рақобат бо силоҳҳои рӯзи дунёро дорост
    Силоҳи эронии Масоф қобилияти рақобат бо силоҳҳои рӯзи дунёро дорост

Вазири дифо ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳрии Исломии Эрон эълом кард: “аслиҳаи тамомэронии "Масоф" ҷойгузини силоҳҳои инфиродии феълӣ дар нерӯҳои мусаллаҳ мешавад”.

Генерал Амири Ҳотамӣ, вазири дифо ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон афзуд: Пеш аз ин ҳар кадом аз нерӯҳо ҳам аз артиш ва Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як навъ аз силоҳ истифода мешуд, аммо пас аз эъломи ниёзи нерӯи заминии артиш, силоҳи комилан бумии “Масоф”, тарроҳӣ ва сохта шуд, ки ба мурӯр ҷойгузини ҳамаи силоҳҳои инфиродӣ дар нерӯҳои мусаллаҳи Эрон мешавад.

Генерал Ҳотамӣ афзуд, силоҳи эронии “Масоф” қобилияти рақобат бо силоҳҳои рӯзи дунёро дорост.

Вазорати дифо ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи Эрон рӯзи якшанбе аз силоҳи таҳоҷумии пешрафтаи тамоми эронии «Масоф» рӯнамоӣ кард.

Силоҳи “Масоф”, силоҳе аст сабук, ки бо ҳаво хунук мешавад ва қундоқи телескопии ба кор рафта дар он, қобилияти танзим дар шаш вазъиятро дорад.

Пайкарбандии ин силоҳ ба гунае аст, ки дар кӯтоҳтарин замон ва бидуни ниёз ба абзори хос қобили табдил ба нусхаи тактирандоз аст.

Тамомии мароҳили тарроҳӣ, сохт ва тавлиди ин силоҳ ба дасти мутахассисони дохилии Эрон дар Созмони саноеи дифоии ин кишвар анҷом шудааст.

 

БЕШТАР БИХОНЕД: