Оятуллоҳ Хоманаӣ: Занони муҷоҳид аз бартарин қуллаҳои ифтихори Инқилоби Исломӣ ҳастанд
-
Раҳбари муаззами инқилоб: қудрати имон, роҳи муҷоҳидатҳои бузургро ба рӯйи занони эронӣ гушуд
Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманае дар паёме ба Конгресси миллии таҷлил аз занони исоргар, ин занони муҷоҳид, шуҷоъ ва фидокорро аз бартарин қуллаҳои ифтихороти Инқилоби Исломӣ хонданд.
Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар паёме ба ин ҳамоиш фармуданд: қудрати имон, роҳи муҷоҳидатҳои бузургро ба рӯйи занони эронӣ гушӯд ва саҳнаҳои шигифтангез ва камназире аз ҳузури шуҷоъона ва фидокорона ва мубтакиронаи онон дар майдонҳои душвор падид овард.
Эшон афзуданд: аз тазоҳуроти шӯрангези рӯзҳои инқилоб то даврони фаромӯш нашудании дифои муқаддас ва аз қаҳрамонӣ дар суфӯфи набард то дилбуридан аз фарзанду ҳамсар ва фиристодани онон ба пешвози хатар ва то хадамоти пушти ҷабҳа ва аз ҳузур дар ҷабҳаи илму таҳқиқ ва фанноварӣ ва дурахшандагӣ дар водии адабиёт ва ҳунар то ҳунарнамоӣ дар арсаҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва мудириятҳо ва саранҷом фидокорӣ дар майдони саломату хизмат ба беморон дар озмӯни пурхатари ахир ҳамаву ҳама нишонаҳои эътилои маънавии зани эронӣ аст, ки ба баракати низоми исломӣ ва дарсҳо ва арзиши гузориҳои исломӣ падид омадааст.
Дар ин паём таъкид шудааст: зани эронӣ тавонист ба рағми фарҳанги фасод ва инҳитоти ғарбии таҳмил шуда бар бисёре аз занон дар даврони наҳиси паҳлавӣ, худро ба шарофату таҳорати матлӯби ислом наздик кунад ва ин ифтихоре бузург аст.
Мардуми Эрон 17 ҳазор зани шаҳид, ҷонбоз ва озодаро ба Инқилоби Исломӣ тақдим кардаанд.
БЕШТАР БИХОНЕД:
- Раҳбари муъаззами инқилоб: Ҳадди ғанисозии Эрон мутаносиб бо ниёзи кишвар мумкин аст ба 60 дарсад ҳам бирасад
- Раҳбари муаззами инқилоб: Агар дар БарҶом амали тарафи муқобилро бубинем, мо ҳам амал хоҳем кард
- Раҳбари инқилоби исломӣ: Интиқоми сардор Сулаймонӣ қатъӣ аст