Алии Деҳбошӣ аз бемористон мураххас шуд
(last modified Wed, 10 Mar 2021 05:25:04 GMT )
Март 10, 2021 10:25 Asia/Dushanbe
  • Деҳбошӣ аз беморхона бо дастгоҳи оксиген мураххас шуда ва идомаи дармонро дар хона хоҳад гузаронд
    Деҳбошӣ аз беморхона бо дастгоҳи оксиген мураххас шуда ва идомаи дармонро дар хона хоҳад гузаронд

Алӣ Деҳбошӣ, ки чанд муддат бо сабаби бемории корона дар беморхона бистарӣ буд, ҷавоб дода шуд ва идомаи дармони коронаро дар хона хоҳад гузаронд.

Собиқадори забон, адабиёт ва фарҳанги эронӣ ва муҳаррири маҷаллаи "Бухоро" дар як мусоҳибаи кӯтоҳ бо расонаҳо гуфт, ки ӯро аз беморхона бо дастгоҳи оксиген раҳо кардаанд ва табобатро дар хона идома хоҳад дод, гарчанде ки бо таваҷҷӯҳ ба бемории кӯҳнаи астма, ки дорад ибтило ба корона барояш душвориҳои бештаре эҷод кардааст.

Деҳбошӣ рӯзи шанбе ба расонаҳо низ гуфт, ки корона ҳанӯз дар ташхиси томографии шушаш намоён аст ва ӯ се рӯз ба истеъмоли доруҳои қавитар шурӯъ кардааст.

Хабари ибтилои Алӣ Деҳбошӣ ба бемории Ковиди 19 ва бистарӣ шудани ӯ бисёре аз аҳли фарҳанг ва адабиёти Эрону Тоҷикистон ва Афғонистонро нигарон кардааст.

 

Бештар бихонед: