Март 12, 2021 18:25 Asia/Dushanbe
  • Теъдоди ҷонбохтагони вируси Ковид-19 дар Эрон ба 61 ҳазору 69 нафар расидааст
    Теъдоди ҷонбохтагони вируси Ковид-19 дар Эрон ба 61 ҳазору 69 нафар расидааст

Бо фавти 53 нафар аз беморони мубтало ба корона дар 24 соати гузашта дар Эрон теъдоди ҷонбохтагони вируси Ковид -19 дар ин кишвар ба 61 ҳазору 69 нафар расидааст.

Ба гузориши Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон, дар шабонарӯзи гузашта ҳашт ҳазору 88 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид -19 дар Эрон шиносоӣ ва 593 нафар бистарӣ шуданд.

Бар ин асос, маҷмӯи беморони мубтало ба корона дар Эрон ба як миллиону 731 ҳазору 558 нафар расидааст, ки то кунун як миллиону 477 ҳазору 588 нафар аз онон беҳбуд ёфтаанд.

Вируси корона то кунун беш аз 119 миллион нафарро дар дунё мубтало карда ва беш аз ду миллиону 643 ҳазор нафар низ бар асари бемории Ковид – 19 ҷони худро аз даст додаанд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп