Эрон пас аз лағви таҳримҳо ба тааҳҳудоташ дар БарҶом боз мегардад
(last modified Sat, 13 Mar 2021 05:20:33 GMT )
Март 13, 2021 10:20 Asia/Dushanbe
  • Хатибзода: Марҷаъи ростиозмоӣ бар асоси БарҶом, Ожонси байналмилалии энержии атомии аст
    Хатибзода: Марҷаъи ростиозмоӣ бар асоси БарҶом, Ожонси байналмилалии энержии атомии аст

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард: пас аз рафъи таҳримҳои Амрико, ҳамон гуна ки раҳбари муъаззами Инқилоби Исломӣ фармудаанд, Эрон иқдомоти ҷубронии худро мутаваққиф мекунад.

Саъиди Хатибзода, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар мусоҳиба бо шабакаи Ал Ахбор афзуд, марҷаъи ростиозмоӣ бар асоси БарҶом, Ожонси байналмилалии энержии атомӣ аст.

Хатибзода изофа кард, мавзеи Эрон дар хусӯси пойбанд набудани Амрико ба тааҳҳудоти қатъияш дар қатъномаи 2231 Шӯрои амнияти СММ ва масири бозгашти ин кишвар ба БарҶом равшанаст ва борҳо Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон онро ба диққат ва равшанӣ баён кардааст.

Эрон дар моҳҳои ахир дар вокуниш ба хурӯҷи Амрико аз БарҶом ва низ беамалии тарафҳои аврупоии тавофуқи ҳастаӣ тибқи шароити пешбинӣ шуда дар БарҶом аз амал ба тааҳҳудоти худ дар ин тавофуқи байналмилалӣ коста аст.

 БЕШТАР БИХОНЕД: