Низомии Ганҷавӣ; офаринандаи ишқ дар адабиёти ҳамосии Эрон
(last modified Sat, 13 Mar 2021 10:57:45 GMT )
Март 13, 2021 15:57 Asia/Dushanbe

Бисёре аз устодону коршиносони забону адабиёти форсӣ Ҳаким Ҷамолиддин Абумуҳаммад Илёс бини Юсуф Низомии Ганҷавӣ, шоир ва ҳакими маърӯфи эронӣ дар қарни шашуми ҳиҷрии қамариро дар канори Ҳофиз, Саъдӣ ва Фирдавсӣ яке аз чаҳор сутӯни адаби форсӣ медонанд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, шоири қиссагӯ ва қиссапардоз, ки осори муҳиммеро дар ҳавзаи адабиёти таълимӣ ва манзумӣ офарид ва то поёни қарни шашум ҳиҷрӣ тавонист шеъри Тамсилиро дар забони форсӣ ба ҳадди аълои такомул бирасонад.

Муҳимтарин асари Ҳаким Низомӣ “Панҷганҷ” аст, ки махзани “Ал Асрор”, “Лайлӣ ва Маҷнӯн”, “Хусрав ва Ширин”, “Ҳафтпайкар” ва “Искандарнома”-ро шомил мешавад.

Ёздаҳуми март баробар бо 21 исфанд дар Эрон Рӯзи бузургдошти Ҳаким Илёс Низомии Ганҷавӣ аст.

 

БЕШТАР БИХОНЕД: