Низомии Ганҷавӣ; офаринандаи ишқ дар адабиёти ҳамосии Эрон
Бисёре аз устодону коршиносони забону адабиёти форсӣ Ҳаким Ҷамолиддин Абумуҳаммад Илёс бини Юсуф Низомии Ганҷавӣ, шоир ва ҳакими маърӯфи эронӣ дар қарни шашуми ҳиҷрии қамариро дар канори Ҳофиз, Саъдӣ ва Фирдавсӣ яке аз чаҳор сутӯни адаби форсӣ медонанд.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, шоири қиссагӯ ва қиссапардоз, ки осори муҳиммеро дар ҳавзаи адабиёти таълимӣ ва манзумӣ офарид ва то поёни қарни шашум ҳиҷрӣ тавонист шеъри Тамсилиро дар забони форсӣ ба ҳадди аълои такомул бирасонад.
Муҳимтарин асари Ҳаким Низомӣ “Панҷганҷ” аст, ки махзани “Ал Асрор”, “Лайлӣ ва Маҷнӯн”, “Хусрав ва Ширин”, “Ҳафтпайкар” ва “Искандарнома”-ро шомил мешавад.
Ёздаҳуми март баробар бо 21 исфанд дар Эрон Рӯзи бузургдошти Ҳаким Илёс Низомии Ганҷавӣ аст.
БЕШТАР БИХОНЕД:
- Рӯзи бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ аз суханварони номии ҷаҳон + Филм
- Зарурати шинохти андешаҳои Фирдавсӣ ва Иқбол барои муқобила бо таҳоҷуми фарҳангӣ
- Нахуствазири Испания бо шеъри Саъдӣ ҳамватанонашро ба ҳамдилӣ даъват кард