Оғози марҳилаҳои 2 ва 3 таҳқиқоти клиникии аввалин ваксинаи эронии корона
Марҳилаҳои 2 ва 3 озмоишҳои клиникии аввалин ваксинаи коронаи эронӣ, ки "Ков Эрон Баракат" ном дошт, оғоз шуд.
Ба гузориши хабаргузории Эрон пресс, марҳилаи 2 ва 3 таҳқиқоти клиникии аввалин ваксинаи эронии корона ба номи «Ков Эрон Баракат» имрӯз (душанбе ) бар ду довталаб оғоз шуд.
Иҷрои марҳалаи 2 тести инсонии ваксинаи эронии корона, аз имрӯз оғоз мешавад ва марҳилаи сеюм ҳам дар имтидоди ин марҳала иҷроӣ хоҳад шуд.
Марҳилаи 2 ва 3 таҳқиқоти клиникии аввалин ваксинаи эронии корона, бо муҷаввизи созмони ғизои дору ва комитети миллии ахлоқи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон анҷом мешавад.
Тазриқи инсонии марҳалаи аввали таҳқиқоти клиникии аввалин ваксинаи корона сохти муҳаққиқони Эронӣ бо номи «Ков Эрон Баракат», 29 декабри 2020 ( нуҳуми даймоҳи 1399 ) бар рӯи се довталаб оғоз шуд.
Қарор аст, марҳилаҳои дувуму сеюми ин таҳқиқоти клиникӣ ҳамзамон оғоз шавад ва бар асоси барномарезиҳои анҷом шуда марҳилаи дувум то 21 май 2021 ( поёни урдибиҳишти соли оянда 1400 ) ба поён мерасад.
Бештар бихонед: