Март 15, 2021 18:49 Asia/Dushanbe
  • Эрон дар 11 моҳи гузашта бо кишварҳои узви Шанхай беш аз 41 миллион тон коло мубодила кардааст
    Эрон дар 11 моҳи гузашта бо кишварҳои узви Шанхай беш аз 41 миллион тон коло мубодила кардааст

Сухангӯи гумруки Эрон эълом кард, тиҷорати Эрон бо Созмони Ҳамкории Шанхай ба беш аз 23 миллиард доллар расидааст.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, Сайид Рӯҳуллоҳ Латифӣ, сухангӯи гумруки Эрон рӯзи душанбе гуфт: Муомилоти тиҷории Эрон бо маҷмӯаи кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай дар 11 моҳи гузашта ба беш аз 23 миллиарду 165 миллиону 95 ҳазору 671 доллар расидааст.

Сухангӯи гумруки Эрон афзуд: Дар ин муддат мизони тиҷорати хориҷии Эрон бо маҷмӯаи кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай беш аз 41 миллиону 747 ҳазору 999 тон маҳсулот будааст.

Латифӣ изофа кард: Эрон бо 11 узви аслӣ ва нозири Созмони Ҳамкории Шанхай, ки Чин, Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон, Муғулистон, Покистон, Ҳинд, Афғонистон ва Беларус ҳастанд, дорои тиҷорати фаромарзӣ аст.

Созмони Ҳамкории Шанхай (SCO)  - созмоне байнидавлатӣ аст, ки дар соли 2001 бо ҳадафи ҳамкориҳои амниятӣ таъсис шудааст.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп