Март 15, 2021 22:31 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Имрӯз дар ҷо - ҷойи ҷаҳон Наврӯзро мешиносанд
    Зариф: Имрӯз дар ҷо - ҷойи ҷаҳон Наврӯзро мешиносанд

Дар остонаи фаро расидани соли нави шамсӣ ва иди бостонии Наврӯз, маросими «Наврӯзи 1400, наврӯзи дӯстӣ» дар маҳалли сохтмони Вазорати хориҷаи Эрон дар Теҳрон баргузор шуд.

Ба гузориши ИРНА, дар ин маросим, ки сафирони кишварҳои хориҷии муқими Теҳрон ҳузур доштанд, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон таъкид кард, ки сармои корона, бедод ва​​​​ таҳрим дар остонаи завол аст ва онҳое ки садои қудрати низомӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии онҳо гӯши фалакро пур кардааст, дар баробари вируси корона, ки ба чашм намеояд, зонӯ заданд.

Вазорати умури хориҷаи Эрон - ойини Наврӯзи дӯстӣ

 

Муҳаммадҷаводи Зариф афзуд: Қарне ки таҳрим, беадолатӣ, ҷангу эҳтикор (анбор кардан)-и ваксина доштро ба канор гузоштем ва вориди қарне мешавем, ки ҳамроҳӣ, ҳамкорӣ, ҳамбастагӣ, ишқ, дӯстӣ ва муҳаббат ба ҳамроҳ хоҳад дошт.

Вай изофа кард: Имрӯз на танҳо дар нимҷазираи Ҳинд то Туркия ва Ироқу Сурия Наврӯзро ҷашн мегиранд, балки дар ҷо - ҷойи ҷаҳон Наврӯзро мешиносанд ва ин маросимро арҷ мениҳанд.

Вазири умури хориҷаи Эрон ҳамчунин гуфт: Пешрафт дар канори ақибмондагӣ, ғано дар канори фақр, ноамнӣ дар канори амният ва сулҳ дар канори ҷанг қобили ҷамъ нест ва арзишҳои инсонӣ ба ҳам пайвастааст.

Зариф идома дод: Аз Худованд бихоҳем ҳамон гуна ки зимистонро ба баҳор табдил мекунад, қалбҳо ва рӯзҳои моро нав кунад ва кинаҳоро аз дилҳо бизудояд ва ба мо биомӯзад, ки ҳамаи мо дар як киштӣ ҳастем ва ояндаи башарият ояндае муштарак аст.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп