Март 17, 2021 10:06 Asia/Dushanbe
  • Солрӯзи мелоди Ҳазрат Имом Ҳусейн (а) фархунда бод!
    Солрӯзи мелоди Ҳазрат Имом Ҳусейн (а) фархунда бод!

Чаҳоршанбе 17 март баробар бо саввуми шаъбони соли 1442 ҳиҷрии қамарӣ, рӯзи валодати Имом Ҳусейн (а), имоми саввуми шиаён ва рӯзи посдор аст.

Сеюми шаъбон солрӯзи мелоди фархундаи бузурги посдори ислому шариъати Муҳамммадӣ ( с ) аст ки бо фидокории беназири хеш дар  Карбало, дарси озодагӣ ва иззатро ба ҳамаи ҷаҳонёни омӯхт ва сармашқи дифо ва посдорӣ аз Қуръони карим ва ислом азиз шуд. 

Ҳазрати Имом Хумайнӣ ( раҳ ) бунёнгузори Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи мелоди Имоми Ҳусейн ( а )-ро рӯзи посдор ном ниҳоданд то иззат ва озодагии имоми сеюми шиаёни ҷаҳон то ҳамеша намунаи зиндагии дӯстдорони он имоми гиромӣ ба хусус посдорони инқилоби исломӣ шавад.

Радиои тоҷикии Садои Хуросон ва сайти Порстудей фаро расидани солрӯзи мелоди босаодати ҳазрат Имоми Ҳусеййн ( а )-ро ба ҳамаи мусулмонон ва озодихоҳони ҷаҳон табрик мегӯяд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп