Наврӯз; паёмовари дӯстӣ ва умед ба ояндаи равшан
(last modified Thu, 18 Mar 2021 08:15:59 GMT )
Март 18, 2021 13:15 Asia/Dushanbe
  • Ҷашни Наврӯз дар Эрон, Ховари Миёна, Осиёи Марказӣ, Қафқоз, нимҷазираи Ҳиндустон ва Балкан таҷлил карда мешавад
    Ҷашни Наврӯз дар Эрон, Ховари Миёна, Осиёи Марказӣ, Қафқоз, нимҷазираи Ҳиндустон ва Балкан таҷлил карда мешавад

Раиси муассисаи фарҳангии Созмониҳамкории иқтисодии "ЭКО" таъкид кард, ки ҷашнҳои Наврӯз бисёр муҳим аст, зеро паёми Наврӯз дӯстӣ ва умед ба зиндагӣ аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,  раиси муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкории иқтисодии  - ЭКОСарвар Бахтӣ рӯзи чаҳоршанбе дар ҳошияи ҷашни наврӯзи ҳамдилӣ дар маҳалли муассисаи фарҳангии Эко дар Теҳрон гуфт: «Паёми наврӯз умед ба ояндаи равшан аст ва оини наврӯз арзишҳои инсониро омӯзиш медиҳад.» 

Сарвар Бахтӣ афзуд: «Муассисаи фарҳангии ЭКО бо баргузории ҷашни наврӯз, ҳамаи мардуми кишварҳои узв ва мардуми ҷаҳонро ба ҳамбастагӣ ва дӯстӣ даъват мекунад.»   
  

Ҷашни наврӯзи ҳамдилӣ бо ҳадафи густариши ҳамгаройии миллатҳои минтақаёи Эко бо ҳузури Ғуломалии Ҳаддоди Одил раиси фарҳангистони забону адаби форсии Эрон, сафирони кишварҳои Афғонистон, Тоҷикистон ва Покистон дар Эрон ба мизбонии Сарвар Бахтӣ раиси муассисаи фарҳангии Эко рӯзи чаҳоршанбе дар Теҳрон баргузор шуд. 

Дар ҳошияи ин ҷашнвораи байналмилалӣ намоишгоҳи расм ва саноеъи дастии кишварҳои Афғонистон, ҷумҳурии Озарбойҷон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Тоҷикистон, Туркия, Туркманистон ва Узбакистон ифтитоҳ шуд ва ҳамчунин ҳунармандоне аз кишварҳои минтақаи Эко мусиқии кишварҳои худро иҷро карданд. 

 

Бештар бихонед: